ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ НА КАМТАР АЗ СИЛОҲИ ЯДРОИСТ. Дар Академияи идоракунии давлатӣ бо намояндагони Прокуратураи генералӣ мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Академия баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академия.
Дар вохӯрӣ ноиби Ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеаи Академия Зулфия Аҳмадзода ва намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хатари зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, ҳифзи неъматҳои бебаҳо- истиқлолияту озодӣ ва рушду пешрафти ҷумҳуриамон сухан намуданд.
Зикр шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳояшон ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, ки солҳои охир дар бархе мамлакатҳои ҷаҳон густариш пайдо кардаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид месозанд, ки «терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ дорад. Дар ин раванд, ҳифзи истиқлолияту озодӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи ҳар яки мост».
Ҳар фарди бонангу номуси мамлакат бояд ба қадри истиқлолият- ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки ҷавонони бомаърифат ва лаёқаманди мамлакат, ки ворисони мактаби давлатдории миллии Пешвои миллат мебошанд, аз уҳдаи ин рисолату вазифаи бошараф сарбаландона мебароянд.
Таъкид гардид, ки ҳадафи терроризм ва ифротгароӣ ноором кардани субот, бо хушунат тағйир додани пояҳои зиндагӣ дар дигар давлатҳо, тарсонидани аҳолӣ, қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир ва таъсиси шабакаҳои байналмилалии ҷиноятӣ мебошад. Дар замони авҷи ин хатарҳои номатлуб ҳар яки моро зарур аст, ки истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатии худро ҳифз намоем.
Имрӯз гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав барои халалдор сохтани истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллии давлатҳои осоишта талош доранд. Дар ин росто ҷавонон бояд кӯшиш кунанд, ки фирефтаи найранги хоинон, созмону ташкилоти террористӣ ва ифротгаро нашуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояу ҳифзи давлати соҳибистиқлоламонро вазифаи муқаддаси худ донанд. Ҷавонони давраи соҳибистиқлолӣ қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста аст. Имрӯз ҷавонони қавиирода ва бонангу номуси Ватан ҳамчун насли ояндасози давлат ва миллат дар ҳифзи ин муқаддасот саҳми арзанда мегузоранд.
АКС: Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






