Хизматчиёни давлатӣ Рӯзи Конститутсияро дар «Кохи Афсарон»-и Душанбе бо шукӯҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 05.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 28 сол муқаддам мардуми шарафманд ва сарбаланди тоҷик ба хотири ояндаи неку дурахшони давлату миллат, бо масъулияти баланди шаҳрвандию инсонӣ дар давраи басо мушкил Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд ва аз шарофати он имрўз дар кишвар эъмори ҷомеаи ҳукуқбунёд бомаром идома дорад. Чунин баён гардид, зимни баргузории чорабини тантанавии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар «Кохи Афсарон»-и пойтахт баргзор гардид, иттилоъ доданд дар агентии мазкур.
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов чорабинии тантанавиро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро барои иштирок дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам намуд.
Ҳамоиш таҳти унвони «Конститутсия — кафили таъмини соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар» доир гардида, дар он собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ аз ҷумла, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Махкам Маҳмудзода, собиқ раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода, омӯзгори калони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистикии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, собиқ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғайратшо Тағойзода, муовини якуми роҳбари дастгоҳи МНМОҶТ, Қарамалӣ Нуралишозода, ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни давлатӣ аз вазорату идораҳо, магистрантон-хизматчиёни давлатии бо таҳсил фаро гирифташудаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Иштирокчиён вобаста ба таърихи қабули ин санади олии давлатӣ, марҳилаҳои омодасозии лоиҳаҳои Конститутсияи Тоҷикистони тозаистиқлол, хусусиятҳои хоси Конститутсияи Тоҷикистон, эътибор ва эътирофи олӣ доштани ин ҳуҷҷати муаррифгари сохтори давлатӣ маърӯзаҳо пурмуҳтаво намуданд.
Нотиқон зикр карданд, ки бисту ҳашт сол муқаддам дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






