Исмоили Маҳмадзоир – ҷавони ватандўсте, ки мехоҳад тавассути варзиш обрӯю нуфузи Тоҷикистон боз ҳам афзояд

Ноябрь 21, 2022 18:05

ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, Исмоили Маҳмадзоир президенти нави Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 интихоб гардид. Номбурда давоми як соли охир ҳамчун яке аз чеҳраҳои намоёни сарпарасти соҳаи варзиш шинохта шуда, дар рушди он дар кишвар саҳми намоён мегузорад. АМИТ «Ховар» дар бораи Ширкати IMGROUP.TJ, ки бо ибтикори ў таъсис ёфтаасту чандин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалиро дар Тоҷикистон сарпарастӣ намудааст, матлаберо омода намудааст, ки пешниҳоди хонандагон мегардад.

Яке аз мисолҳои намунавӣ дар ин ҷода — ин Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ мебошад, ки моҳи марти соли равон дар Душанбеи хушманзар бо дастгирӣ ва сарпарастии ин ҷавони неруманд дар сатҳи бениҳоят баланд баргузор шуд. Зимни баргузории ин мусобиқаи қоравӣ бо сарпарастии Исмоили Маҳмадзоир тамоми иштирокчиён бо буду боши мусоиду ройгон таъмин гардиданд.

Ҳамзамон бо мусоидати ширкати IMGROUP.TJ дар пойтахти Тоҷикистон якчанд мусобиқаҳои дигар доир шуданд, ки миёни онҳо баргузории Чемпионати Осиё оид ба муҳорибаҳои омехта қобили зикр аст. Усулан баргузории ин гуна мусобиқаҳои ҷаҳонӣ дар кишвари мо имкон медиҳад, ки миёни дигар давлатҳо обрӯю нуфузи мамлакати мо афзояд ва ҷаҳониён бо дастовардҳои соҳаи варзиши тоҷик шинос гарданд.

Ширкати IMGROUP.TJ пайваста кӯшиш менамояд, ки на танҳо мусобиқоти сатҳи байналмилалиро сарпарастӣ намояд, балки дар баргузории мусобиқаҳои дохилӣ низ саҳм гузорад. Баргузории мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Истиқлол” миёни идораву корхонаҳо гувоҳи гуфтаҳои болост. Дар чунин мусобиқот дастаи навтаъсиси ширкати IMGROUP.TJ ва алалхусус худи Исмоил ширкат варзиданд, ки бори дигар шаҳодати варзишдӯст будани ӯст. Тими IMGROUP.TJ дар мусобиқаи номбурда то ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфта, худи Исмоили Маҳмадзоир ба задани 7 гол мушарраф гардид.


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар футболи тоҷик яке аз машҳуртарин ва сермухлистарин дастаҳо маҳсуб мешавад. Баъди ду соли қаҳрамонӣ, ки он замон дастаро ширкати «Ҳоҷӣ Шариф» сарпарастӣ мекард, «Равшан» бидуни сарпараст монда, ба рукуд мувоҷеҳ гардид. Ширкати «IMGROUP» бо сарварии Исмоили Маҳмадзоҳир дубора ба наҷоти «Равшан» омад. Маҳз бо кумаку дастгирии ӯ «Равшан» дигарбора ба Лигаи олии мамлакат баргашта, дар Ҷоми КФО низ бозӣ кард. Баъди он ки Исмоили Маҳмадзоир сарпарастии «Равшан»-ро ба уҳда гирифт, маоши бозингарон афзуд, шароити будубош беҳтар шуда, ҳатто даста имкон пайдо кард, ки дар шаҳри Душанбе иқомат карда, ба бозиҳои чемпионат дар шароити хеле хуб омодагӣ бинад. Айни замон «Равшан» барои зинаҳои баланди чемпионат ва дарёфти роҳхат баҳри иштирок дар Ҷоми КФО мубориза мебарад.

Инчунин нақши Исмоили Маҳмадзоир ӯ дар бунёди толору марказҳои варзишӣ хеле чашмрас аст. Моҳи сентябри соли 2019 бо дастгирии ӯ дар Тоҷикистон яке аз клубҳои муосири машқи дзюдо- «Ҳочӣ Шариф» ба истифода дода шуд. Барои варзишгарони чанд синну сол дар Душанбе ҳоло толори варзишии ба стандартҳои байналмилаллӣ ҷавобгӯ мавриди истифода қарор гирифт. Бар замми ин дар толори мазкур мураббиёни ботаҷрибаи ватанӣ ва хориҷӣ, алалхусус мураббии сатҳи байналмилалӣ аз Гурҷистон барои таълими дарси дзюдо ҷалб гардидаанд. Клуби мазкур дар муддати кӯтоҳ варзишгарони сатҳи байналмилалӣ омода намуда истодааст, ки дар чемпионатҳои дохилӣ ва хориҷӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд. Дар умум то кунун дар сатҳи байналмилалӣ дзюдочиёни клуби Ҳочӣ Шариф 171 медал ба даст оварданд, ки аз он 47-то медали тилло, 30 нуқра ва 94 медали биринҷӣ мебошад ва албатта, ин барои як клуби навтаъсис нишондиҳандаи хеле назаррас мебошад.

Ин ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки Исмоил ба риштаи варзиши дзюдо таваҷҷуҳи зиёд дорад. Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз риштаи дзюдо аз варзишҳои дӯстоштанӣ ва маҳбуб дар қаламрави кишвар аст. Исмоил ҳам то ба ин рӯз баҳри рушду нумӯи ин риштаи варзиш дар кишвар борҳо саҳм гузошта, дар баргузории мусобиқаҳо сарпарастӣ кард. Бо дастгириҳои ин ҷавони ватандӯст имрӯз дзюдочиёни меҳан меавонанд, ки қуллаҳои баландро дар мусобиқаҳои фароқоравӣ фатҳ кунанд ва ливои меҳанро парафшон гардонанд.

Чанде пеш чунин як толори ба тамоми талаботи замон ҷавобгӯ дар ВМКБ бунёд гардид, ки даҳҳо нафар дӯстдорони варзиш аз он ҳоло истифода мебаранд.

Исмоил чун як фарди ватандӯст пайваста ба парчамбардорони намудҳои мухталифи варзиш дар раванди иштирокашон дар мусобиқоти байналмилалӣ мусоидат ва кумаки худро дареғ намедорад. Ҳамзамон мудом бо иқдомҳои бузургаш дар самти варзиш ва дасти хайраш дар бунёди толору варзишгоҳҳо дар қаламрави кишвар намунаи беҳтарин ҷавони меҳанпарвару варзишдӯст буданашро дар ҷомеа нишон медиҳад. Ин аст иҷрои рисолати ватандорӣ, ки масирашро ин ҷавони далеру фурӯтан ва шуҷоъ тай карда истодааст ва ин бояд барои дигарон намунаи ибрат бошад.

АКС: манбаъҳои боз

Ноябрь 21, 2022 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Ҳиндустон ва Қирғизистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Истанбул бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол барои донишҷӯёни тоҷик мусобиқа доир карда шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Ҳисор бо дастаи Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 рӯзи 26 июн маълум мешаванд
Рақибони дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо 9 паҳлавон муаррифӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои анҷоми бозии дӯстона бо дастаи Камбоҷа вориди шаҳри Пномпен шуд
Дар Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» «Эко-пойга барои пиряхҳо» баргузор шуд
Варзишгар аз Амрико Каролина Глейш: «Ба дӯстону ҳамкоронам дар бораи табиати нотакрори Тоҷикистон нақл хоҳам кард»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ғолиби Чемпионати CAFA-2025 гардид
Маҳмуд Амонзода Президенти Кумитаи паролимпии Тоҷикистон интихоб гардид
Дар Нуробод бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивали футбол баргузор гардид