Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз эҳтимоли лағзиши тарма ҳушдор медиҳад

Ноябрь 17, 2022 09:10

ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 18 ноябр дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор эҳтимоли лағзиши тарма вуҷуд дорад. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ, корҳои саҳро, чорвочаронӣ, омода кардани ҳезум, шикор ва ғайра худдорӣ намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.

Дар ин рӯзҳо, ки ҳаво сард аст, риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор барои онҳое, ки хонаҳои худро бо печҳои барқӣ гарм мекунанд, зарур аст.

Барои таъмини бехатарии ҳаракати ронандагон дар роҳ ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода дар қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд аз ҳисоби наҷотдиҳандагони Кумита посгоҳҳои сайёр таъсис дода шудаанд.

Илова бар ин, дигар роҳҳои кӯҳии кишвар аз ҷониби кормандони Кумита ҳамроҳ бо намояндагони Вазорати нақлиёт ва Вазорати корҳои дохилӣ назорат карда мешаванд.

Ин тадбирҳо дар давраи хатари ҳодисаҳои фавқулода дар роҳҳо, ки дар натиҷаи сардии ҳаво ва бориши барф ба вуҷуд омадаанд, заруранд.

Акс: КҲФ ва МГ

 

Ноябрь 17, 2022 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид