МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШИИ ЗЕҲНӢ. Вазоратҳои нақлиёт ва мудофиа сазовори ҷойи якум гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи июл то 17 ноябр миёни дастаҳои вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ мусобиқаҳои варзишиии зеҳнӣ оид ба шашкаву шоҳмот ва тенниси рӯи миз баргузор гардиданд. Дар он аз рӯи намудҳои шашкаву шоҳмот ҷойи якум ба дастаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми дуюм ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зинаи сеюм ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.
Инчунин дар мусобиқаи варзишӣ оид ба тенниси рӯи миз аз рӯи баҳои доварон муайян гардид, ки ҷойи якумро дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми дуюмро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зинаи сеюмро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гаштанд.
Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишӣ оид ба тенниси рӯи миз ва шашкаву шоҳмот аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Собирзода ҷом, диплом, медал ва мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 22 ҳазору 800 сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.
Миёни кормондони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди футболи хурд идома дошта, дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ ҷамъбаст ва ғолибону ҷоизадорон қадршиносӣ мегарданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






