Намоиши ҳунарҳои мардумии Эрон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 01.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумии Эрон ифтитоҳ гардид, ки то 3 ноябр идома меёбад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ, Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода, мудири кулли раёсати ҳамкории фарҳангӣ ва умури эрониёни хориҷ аз кишвари Созмони фарҳанг ва иртиботи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Алӣ Каёнӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ ва аҳли илму фарҳанги ду кишвар иштирок намуданд.
Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ зикр намуд, ки «Эрон ва Тоҷикистон ду кишвари бузурги дорои таърих, фарҳанг ва маданияти муштарак ҳастанд. Эрониён ва тоҷикон ҳамдигарро мисли як миллати воҳид ба шумор меоваранд. Зеро дорои таърихи муштарак ҳастанд ва нисбат ба ҳам отифа доранд. Муҳимтар аз ҳама, ин мавориди иштироки забонӣ аст, забони форсӣ ва бавижа адабиёти муштарак ду миллатро ба ҳам пайванд додааст».
Дар намоиш маҳсулоти марбут ба ҳунарҳои кулолгарӣ, кандакорӣ, заргарӣ, мисгарӣ, пайкарасозӣ, муқовасозӣ, қолинбофӣ, гулдӯзӣ, хушнависӣ, ресандагӣ, бофандагӣ, либоси миллӣ, миниатюра, китобҳо, аксу мусаввараҳои мавзеъҳои табиӣ ва ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тамошо гузошта шудаанд.
Ифтитоҳи намоиши мазкур ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе имкон медиҳад, то бо офаридаҳои ҳунармандони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз наздик шинос шаванд, ғизои маънавӣ гиранд ва фароғати фарҳангӣ намоянд. Зеро маҳсулоти ба маърази дид бароварда воқеан аз ҳунари воло ва завқи баланди ҳунармандони ин сарзамин гувоҳӣ медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки 31 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд, ки то 6 ноябр идома меёбанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон












Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






