Пешвои миллат Парчами Тоҷикистонро нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон унвон карданд

Ноябрь 24, 2022 08:23

ДУШАНБЕ, 24.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами Тоҷикистонро нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон унвон карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Имрӯз зимни ироаи Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ Президенти мамлакат тазаккур доданд, ки соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки дар он парчами кишварамон дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон дарҷ гардид.

«Сӣ сол мешавад, ки ин рамзи муқаддаси миллии мо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат парафшонӣ мекунад, — таъкид карданд Сарвари давлат. — Ва барои дастоварду пирӯзиҳои фарзандони арзандаи миллат дар кишварҳои гуногуни олам баробари садо додани Суруди миллӣ афрохта мешавад».

Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдорӣ бо се ранги худ баёнгари ҳувият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолӣ мебошад.

Қабули Парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба мардуми тоҷик тавону қувваи тоза бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшонии маҳз ҳамин парчам сохти конститутсиониро барқарор ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намоянд.

Тавре Пешвои миллат иброз доштанд, Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандорӣ бедор мекунад.

«Бинобар ин, ҳифзи Парчам ва арҷгузорӣ ба он нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад», — таъкид намуданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдовар мешавем, ки Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI сарнавиштсози Шӯрои Олӣ қабул гардид.

Парчами Тоҷикистон имрӯз дар қатори дигар парчамҳои кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.

Бо мақсади гиромидошти ин рамзи муқаддаси миллӣ бо фармони Президенти мамлакат аз 20 ноябри соли 2009 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон сол инҷониб ин сана дар мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

30 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Парчами Тоҷикистон дар пояи махсус барафрохта шуд. Баландии он 165 метр буда, ҳамон сол баландтарин пояи парчами давлатӣ дар ҷаҳон дониста мешуд ва ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.

9 сентябри соли 2011, дар рӯзи таҷлили 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр, бараш 7 метр ва вазнаш 860 кг гузаронида шуд.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2022 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ