Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи 18-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва Конфронси ҳамбастагии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: «Дарвозаи глобалӣ» барои рушди устувор мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, перомуни масоили марбут ба амнияту суботи минтақа, вазъ дар Афғонистон, хатари терроризму ифротгароӣ, масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






