СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Қубодиён корхонаи истеҳсоли семент бо фарогирии 1300 ҷои нави кор сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 23.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли семент сохта, ба истифода дода мешавад. Бо пурра ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз кардани корхонаи мазкур беш аз 1300 ҷои нави кор муҳайё мегардад, ки 80 фоизи он аз ҳисоби кормандони маҳаллӣ хоҳад буд.
Дар ин бора зимни баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон» дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 18 ноябри соли равон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар иҷлосия зикр гардид, ки амалишавии лоиҳа уҳдадории қарзиро барои давлат ба вуҷуд наоварда, маблағҳо аз ҳисоби фоидаи бадастомада баргардонида мешаванд. Лоиҳа аз ду марҳилаи асосӣ иборат буда, барои бунёди марҳилаи якуми корхона 120 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ҷалб мегардад. Марҳилаи якум бо ду хати истеҳсолӣ, аз ҷумла сементи баландсифати навъи ба сулфат тобовар ва навъи М — 400 ва бо иқтидори истеҳсолии 5 ҳазор тонна дар як шабонарӯз сохта, ба истифода дода мешавад.
Барои татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа бунёди ду хати иловагии истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории он 40 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Зимни баррасии масъалаи мазкур Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода иброз дошт, ки қаблан аз ҷониби Кумита лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати энергетикию техникии «Ya-chzhong»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таҳия гардида, ба баррасии вазорату идораҳо ирсол карда шуд.
«Дар раванди баррасии хулосаи расмии Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дар асоси муроҷиати расмии Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» дар ном ва тамоми матни лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи созишномаи сармоягузории ишорашуда калимаҳои «Ширкати энергетикию техникии «Ya-chzhong»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой» ба калимаҳои «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» иваз карда шуд»,-шарҳ дод Саъдӣ Қодирзода.
Гуфта шуд, ки ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» ширкати ватанӣ маҳсуб шуда, татбиқи лоиҳаро дар асоси созишномаи сармоягузории мазкур бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба анҷом хоҳад расонид. Сармоягузор дар давраи амалисозии лоиҳа аз пардохти андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ (13 фоиз барои истеҳсолот) ва андози иҷтимоии шаҳрвандони хориҷӣ — ғайрирезидент (дар шакли андози даромади шахсони воқеӣ пардохт мешавад-20 фоиз) ба муҳлати 5 сол озод мебошад. Воридоти молу маҳсулот ва ашёи хоме, ки бевосита барои амалисозии лоиҳа истифода мешаванд, инчунин техникаи воридшаванда аз пардохтҳои гумрукӣ озод мегарданд.
Зимни баррасии масъалаи мазкур вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Латифзода зикр кард, ки «Тоҷикистон дорои захираҳои бои саноати кӯҳӣ мебошад. Яке аз самтҳои афзалиятнок ва ба рушди иқтисодиёт мусоидаткунанда- саноати истеҳсоли семент аст. Кишвари мо дар ин самт имконияти бузурги истифоданашуда дорад».
«Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баён карданд, соли 1990 дар кишвар ҳамагӣ 500 ҳазор тонна семент истеҳсол шуда буд. Соли 2021 истеҳсоли семент ба 4 миллиону 500 ҳазор тонна расонида шуд. Дар назар аст, ки истеҳсоли ин ашёи муҳими стратегӣ ба зиёда аз 6 млн тонна расонида шавад», -гуфт номбурда.
Ба андешаи Рустам Латифзода, Созишнома оид ба амалӣ намудани лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсоли семент аз ҷиҳати стратегӣ ва амнияти давлатӣ низ муҳим мебошад. Имрӯз бунёди неругоҳҳои барқи обии хурду бузург, иншооти азими иқтисодӣ, шаҳрсозӣ ва умуман сохтмони мамлакатро бе истеҳсол ва таъмини устувор бо сементи худӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
«Аз тарафи дигар, ҳавасманд гардонидан, ҷалби сармояи ватанӣ ва сармоягузори ватанӣ ба рушди ин соҳаи афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат, ки дар навбати худ таъминкунандаи ҷойҳои нави кор ва баландбардорандаи сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошанд, мусоидат хоҳад кард. Хусусан дар ҳоле, ки саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми стратегии рушди устувори иқтисодӣ муайян карда шудааст»,- таъкид намуд ў.
Хотиррасон менамоем, ки Тоҷикистон асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қирғизистон семент содирот менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








РУШДИ САНОАТ. Дар Хоруғ коргоҳи қаннодӣ ва қаҳвахонаи «Асал» ба фаъолият шуруъ намуд
Дар соҳили дарёҳои шаҳри Ваҳдат корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
Дар Вашингтон имкони роҳандозии парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва ИМА баррасӣ гардид
Дар шаҳри Вашингтон мизи мудаввари сатҳи баланди соҳибкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид
Дар шаҳри Даҳва ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифтанд
Кишоварзони вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро пурра иҷро намуданд
Шурои машваратии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид
Ҳаҷми маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои дар ҳоли рушд ҷиҳати татбиқи 22 лоиҳа тасдиқ гардид
Дар Суғд ба 60 нафар занони ҳунарманд гранти Раиси вилоят супорида шуд
Тоҷикистон ва Қатар роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданиро баррасӣ карданд






