«Соро компания» чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон оид ба футзал гардид

Ноябрь 21, 2022 08:37

ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Соро компания»-и Душанбе таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов барои чаҳорумин бор дар таърихи худ унвони чемпионии Тоҷикистон оид ба футзалро ба даст овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

19 ноябр дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп» бозии сеюми силсилаи ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он «Соро компания» бар «Истиқлол» бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд. Аз ҳайати «Соро компания» легионери эронӣ Шаҳром Шарифзода дубл анҷом дод. Идрис Ёров ва Муҳсин Муҳаммадзода якголии дигар заданд. Аз дастаи «Истиқлол» Рустам Ҳамидов ду гол, Абдуқаюм Умаров як голро марбути номи худ карданд.

Ҳамин тариқ, «Соро компания» дар бозии сеюми силсилаи ниҳоӣ пирӯз шуда, чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон оид ба футзал гардид. Дастаи Пайрав Воҳидов қаблан солҳои 2018, 2019 ва 2021 соҳиби медалҳои тилло шуда буд.

Медалҳои нуқраи Суперлигаи Тоҷикистон-2022 насиби футзалбозони «Истиқлол» ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи «Истаравшан» гардид.

Акс: ФФТ

Ноябрь 21, 2022 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд