СУТ БОНГИ ХАТАР МЕЗАНАД! Дар минтақаи аврупоии созмон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ аз се як нафар антибиотикҳоро бе дорухат истифода мебарад
ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар/. Танҳо аз се ду ҳиссаи одамон дар 14 кишвари минтақаи Аврупои шарқии СУТ, ки дар як назарсанҷии охир ширкат доштанд, гуфтанд, ки давраи табобати охирини онҳо бо антибиотикҳо аз рӯи дорухати духтур сурат гирифт. Ҳар сеюмин нафар ё антибиотикҳои аз дорухати қаблӣ боқимондаро истифода мебурд ё онҳоро аз дорухона ё аз ҷои дигар бидуни дорухат дастрас намудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти хабарии СММ иттилоъ медиҳад.
Тибқи маълумоти назарсанҷии охирини Комиссияи Аврупо, ин дар муқоиса ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тақрибан се маротиба бештар аст.
Ин маълумоти муқаддимавӣ аз тадқиқоти нав оид ба муқовимати зиддимикробӣ гирифта шудааст, ки бори аввал дар қисмати шарқии минтақа, аз ҷумла Қафқоз ва Осиёи Марказӣ анҷом дода шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар ИА ҳамасола беш аз 35 000 нафар дар натиҷаи сироятҳое, ки тавассути антибиотикҳо табобат намешаванд, мефавтанд.
АКС: Бонки ҷаҳонӣ








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






