ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 ноябр, шанбе, 309-умин рӯзи соли 2022 аст

Ноябрь 5, 2022 08:00

5 ноябри соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими ботантанаи ба истифода додани НБО «Сангтӯда -1» баргузор гардид.

***

14 сол муқаддам, 5 ноябри соли 2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши шабакаи нави телевизионии «Ҷаҳоннамо» ва шабакаи радиои «Фарҳанг» оғоз гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 дар Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қисмати ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» доир шуд.

5 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи ҷаҳонии паҳн кардани иттилоот оид ба мушкилоти сунами.

***

Дар Россия — Рӯзи разведчики ҳарбӣ.

РӮЙДОДҲО:

 5 ноябри соли 1964  дар шаҳри Душанбе муҷассамаи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гузошта шуд.

***

5 ноябри соли 2010 дар шаҳри Гулистон (Қайроққум) — и вилояти Суғд  Маркази фарҳангии «Кохи Истиқлол» ифтитоҳ гардид.

***

5 ноябри соли 2016 дар шаҳри Ҳисор «Комбинати металлургии тоҷик» ба истифода дода шуд.

***

6 сол пеш, 5 ноябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе форуми «G5 Startup Forum» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои нави Коллеҷи тиббӣ  мавриди истифода қарор дода шуд.

***

5 ноябри соли 1935 бозии рӯимизии «Монополия» сохта шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1927  дар Англия аввалин маротиба чароғаки роҳи худкор ба кор дароварда шуд.

***

Соли 1956 дар Англия бори аввал пахши телевизиони ранга ба роҳ монда шуд.

Ноябрь 5, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш