ТАСС: Сафири Федератсияи Россия гуфт, ки мардуми Тоҷикистон Россияро дӯст медоранд

Ноябрь 18, 2022 13:55

ДУШАНБЕ, 18.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми Тоҷикистон Россияро дӯст медоранд ва дар ин ҷо мисли баъзе ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ русбадбинӣ вуҷуд надорад. Дар ин бора Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев зимни ҳамроҳӣ намудани бозигарони дастаи миллии футболи Россия пеш аз бозии дӯстона бо тими миллии Тоҷикистон изҳор дошт, менависад ТАСС.

«Тоҷикистон кишвари дӯст аст. Дар ин ҷо онҳо Россияро, русҳоро дӯст медоранд ва русбадбинии беақлона, ки дар баъзе ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ вусъат меёбад, вуҷуд надорад. Дар ин ҷо онҳо Россияро дӯст медоранд ва футболро низ ба қадри кофӣ дӯст медоранд», -иқтибос овардааст ТАСС аз суханони Григорев.

Дипломати рус, ки зимни тамрини футболбозон ширкат дошт, иброз намуд, ки «Тоҷикистон дастаи заиф нест, аз ин рӯ бозӣ барои шумо ҷолиб ва муфид хоҳад буд».

Григорев таъкид кардааст, ки чанд сад нафар русҳое, ки дар ин ҷо кору зиндагӣ мекунанд, дастаи миллии кишварро дастгирӣ хоҳанд кард, гуфта мешавад дар гузориш.

 Ёдовар мешавем, ки шаби гузашта дар Варзишгоҳи марказии Душанбе миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Русия бозии дӯстона баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии бидуни гол анҷом ёфт.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 18, 2022 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд