Умед Бобозода: «Қабули Конститутсия натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи нави рушду тараққист»

Ноябрь 6, 2022 09:51

ДУШАНБЕ, 06.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 ноябр ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол пур мешавад. Ин санади олии ҳуқуқӣ арзишмандтарин дастоварди тоҷикон ва натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи нави рушду тараққӣ ва муаррифии кишвар ба оламиён мебошад. Дар робита ба ин санаи муҳим мухбири АМИТ «Ховар» Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед БОБОЗОДА ҳамсуҳбат шуд.

АМИТ «Ховар»: Нақши Конститутсия дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ чӣ гуна аст?

У. Бобозода: Ҳанӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 зикр намуда буданд, ки «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».

Дар ҳақиқат, ин гуфтаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодаи воқеияти оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Кашмокашиҳои бемаънии оғози солҳои 90-уми асри гузашта ва ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфтани онҳо хатари воқеӣ ва ҷиддии аз байн бурдани истиқлолияти тозабадастомада ва парокандагии миллат буд.

Нақши Конститутсия дар ба даст овардани сулҳи тоҷикон ва ваҳдати миллӣ низ хеле бузург мебошад. Маҳз дар асоси меъёрҳои инсонпарваронаи Конститутсия гуфтушуниди миёни тоҷикон сурат гирифт, Созишномаи сулҳ ба имзо расида, Ваҳдати миллӣ ба даст омад. Қобили зикр аст, ки бо ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва амалӣ кардани созишномаҳое, ки дар раванди музокироти тоҷикон ба имзо расида буданд, Конститутсия низ рушду такмил ёфт ва ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ заминаи боэътимод гузошт.

АМИТ «Ховар»: Нақши Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна аст?

У. Бобозода: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминагузори ҳамаи самтҳо, чӣ иқтисодиёт, чӣ сиёсат, чӣ дигар самтҳо, хоҳ ҳуқуқӣ бошаду хоҳ фарҳангӣ ба ҳисоб мераванд ва ин нисбат ба қабули Конститутсия низ истисно нест.

Қабули Конститутсияи соли 1994, яъне аввалин Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ ба давраи ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии ҶТ фаъолият бурдани Эмомалӣ Раҳмон рост меомад. Ин буд, ки роҳбарии Комиссияи конститутсиониро, ки таҳия ва эҷоди Конститутсияро бояд ба роҳ мемонд, он кас ба дӯш доштанд ва бо дарки масъулияти баланд ин вазифаро ба иҷро расониданд. Маҳз бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон дар Конститутсияи Тоҷикистон давлати мо давлати иҷтимоӣ муайян шудааст.

Конститутсияи нав дар давраи нисбатан душвор барои Тоҷикистон қабул гардид. Лекин ба ҳамаи он душвориҳо нигоҳ накарда, ба Ҳукумати мамлакат зери роҳбарӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Президенти  кишвар  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки на ин ки Конститутсияи давраи гузариш, балки санади заминавии ҳуқуқиеро, ки инкишофи босуръати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро таъмин мекард ва то кунун таъмин менамуд, таҳия ва қабул намояд.

Маҳз бо истифода аз меъёрҳои Конститутсия, яъне ба хотири татбиқи меъёри конститутсионӣ, хусусан бо дарназардошти он ки инсон ва ҳуқуқу озодҳои ӯ дар меҳвари сиёсати инсодӯстонаи давлати мо бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, Президенти мамлакат бо истифода аз ҳуқуқи констутсионии худ ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» — ро ба Парлумони кишвар пешниҳод намуданд, ки он нисбат ба зиёда аз ёздаҳ ҳазору панҷсад нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ гардид ва онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод шуданд.

АМИТ «Ховар»: Зарурати ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба ин санади муҳими ҳуқуқии кишварро дар чӣ мебинед ва дар асоси ин тағйирот ба Конститутсияи мо то кадом андоза таҳким бахшида шуд?

У. Бобозода: Воқеан ҳам, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 28 сол се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ҳар яке ба мукаммалшавии ин санади муҳим мусоидат кард. Давлатҳое, ки дар давраи гузариш ва рӯ ба инкишоф қарор доранд, аз ҷумла Тоҷикистон, пайваста санадҳои муҳими давлатдорӣ, аз ҷумла Конститутсияи худро мукаммал мегардонанд.

Тоҷикистон сол то сол рушд карда истодааст ва албатта, бо мақсади мукаммалгардонии соҳаи соҳибкорӣ, ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ва пеш омадани зарурат, яъне дигаргун шудани муносибатҳои ҷомеа ба ин санад низ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо пеш меояд. Фикр мекунам, ки тағйиру иловаҳои солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба пешрафти мафкураи ҳуқуқии мардуми мо мусоидат кард ва дар ҳаёти сиёсӣ мардуми мо хеле фаъол шуданд.

Хусусан, бояд тазаккур дод, ки бо ворид кардани тағйиру иловаҳо дар соли 2003 ва баъдан соли 2016 мазмуну муҳтавои моддаи 14 Конститутсия дар самти амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боз ҳам такмил ёфт. Ҳуқуқу озодиҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама, ба он асос меёбад, ки онҳо дар Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд ва иҷрои онҳо кафолат дода мешавад. Арзишҳои олӣ, ки дар Конститутсия ба сифати рукнҳои бунёдии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эътироф шудаанд, меҳвари фаъолияти давлат ва мақомоти онро ташкил мекунанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 6, 2022 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим ифтитоҳ ёфт
Саҳми донишманди барҷастаи тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ дар инкишофи илму техника назаррас аст. Эҳдо ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»
Президенти Тоҷикистон: «13 ҳазор нафар духтарони тоҷик дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд»
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оид ба нақши Модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ ҳамоиши идона доир шуд
Зиёда аз 14 ҳазор духтарон тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намуда, ба нафъи давлату ҷомеа фаъолият доранд
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон оид ба арҷгузорӣ ба хизматҳои Зан-Модар ҳамоиши идона доир гардид
Дар Бохтар доир ба нақши технологияҳои рақамӣ дар воситаҳои ахбори омма конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Модар дар Душанбе чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Модар фариштаи меҳру шафқат» доир гардид
Гулнора Ҳоҷиева: «Барои ихтирои «Чордору» се сол пажуҳиш намудаам»
Дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонии Тоҷикистон дар ITB BERLIN 2025 муаррифӣ гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳафтаи дарҳои кушод ҷамъбаст гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан бинои нави муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад