Аҳолии Узбекистон аз 36 миллион зиёд шуд

Декабрь 12, 2022 12:51

ДУШАНБЕ, 12.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти пешакӣ, шумораи аҳолии доимии Узбекистон то 9 декабр аз 36 миллион нафар гузашт. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар сомонаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Узбекистон гуфта шудааст.

Шумораи мардҳо 18,1 миллион нафар ва занон 17,9 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Дар аввали соли 2022 шумораи аҳолии доимӣ беш аз 35,271 миллион нафар (аз ҷумла, мардон – 17,744 миллион, занон – 17,527 миллион нафар)-ро ташкил медод.

Соли 2021 шумораи аҳолии доимии Узбекистон 712,4 ҳазор нафар ё 2,1 фоиз афзоиш ёфтааст.

Аҳолии доимӣ- ин аҳолиест, ки дар лаҳзаи барӯйхатгирӣ дар маҳал ё ҳудуди муайян истиқомат доранд, аз ҷумла онҳое, ки муваққатан ҳузур надоранд.

Аз рӯи шумораи аҳолӣ Узбекистон дар ҷаҳон дар ҷойи 41-ум қарор дорад, таъкид намуданд дар Кумитаи давлатии омори ин кишвар.

АКС: Kun.uz

Декабрь 12, 2022 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад