ҲАФТАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Дар Душанбе Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Ҳафтаи ҳуқуқи инсон бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Масъалаҳои амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имконияти баробарро барои ҳамаи шахсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, низоми ҳуқуқи пешгирӣ ва ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шаклҳои табъизро муқаррар менамояд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иброз намуд, ки дар кишвари мо табъиз, пеш аз ҳама, бо Конститутсияи ҷумҳурӣ манъ карда шудааст. «Яъне тибқи моддаи 17 ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас қатъи назар аз нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад ва мардону занон баробарҳуқуқанд. Ҳамин тавр, агар мо гӯем, ки Конститутсия санад ва сарчашмаи асосии пешгирии табъиз ба ҳисоб меравад, хато намекунем. Зеро дигар қонунгузории кишвар аз Конститутсия маншаъ мегиранд»,-изҳор дошт У. Бобозода.
Баҳри иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, ки аз нақшаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, моҳи июли соли ҷорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Қонуни ҶТ «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» қабул гардид. Тавре Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, «миёни кишварҳои Осиёи Миёна ва давлатҳои собиқ Шӯравӣ Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ин қонунро қабул намуд».
Қонуни мазкур, хусусан моддаҳои 13-14 ва 15 ба мақоми Ваколатдор ваколатҳои зиёде вогузор намудааст. Тибқи қисми 3 моддаи 13-и қонуни мазкур барои амалигардонии ваколатҳо дар самти таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз дар дастгоҳи марказии Мақомоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ воҳиди сохтории махсус таъсис дода мешавад. Яъне, дар назар аст, ки дар мақомоти Ваколатдор шуъба иборат аз 4 нафар бояд таъсис дода шавад. Ба гуфтаи Умед Бобозода, «баъди таъсиси он мо метавонем баҳри амалигардонии меъёрҳои қонуни мазкур фаъолияти густурда дошта бошем».
Муовини Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқҳои инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сафарализода зикр намуд, ки ҳуқуқҳои инсон дастоварди ҷудонашавандаи тамоми одамон, новобаста аз нажод, ранг, ҷинс, забон, пайдоиши миллӣ, иҷтимоӣ ва ё ҷанбаи дигар мебошанд. «Фишори бесобиқа ба стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи башар метавонад маҷмӯи ягонаи кафолатҳои ҳуқуқиро, ки пас аз анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон қабул шудаанд, заиф созад. Даҳсолаи охир барои ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон давраи фалокатовар буд ва агар заифшавии афзояндаи системаи бодиққат таҳияшудаи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун идома ёбад, дар ниҳоят тамоми одамон зарар хоҳанд дид, ки инро аллакай ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳис карда истодааст»,-изҳор медорад ӯ.
Таъкид гардид, ки бисёр одамон аз воқеаҳое, ки дар ҷаҳон рӯй дода истодаанд, дар ҳаросанд. Ҳаракатҳои ифротгароӣ мардумро ба хушунати даҳшатбор дучор мекунанд, ҷангҳои байни давлатҳо, муноқишаҳои дохилидавлатӣ миёни гурӯҳҳои алоҳида, аз ҷумла террористон ҳуқуқҳои инсонро поймол карда, оилаҳоро маҷбур мекунанд, ки хонаҳои худро тарк кунанд.
Ба гуфтаи З.Сафарализода, табъиз нобаробарии иқтисодӣ ва хоҳиши шадид барои ба даст овардану нигоҳ доштани қудрат бо ҳар роҳу восита ва сабабҳои асосии буҳронҳои кунунии сиёсӣ ва ҳуқуқи башар мебошад. «Арзишҳои инсонӣ зери таҳриф қарор доранд, бисёриҳо аз рӯйдодҳо рӯҳафтода мешаванд ва чӣ кор кардан ва ба куҷо рафтанашонро намедонанд. Сабақҳои талхи таърих барои мо дарсанд, ки инсоният танҳо дар сурати якҷоя ҷустуҷӯ кардани роҳҳои ҳалли ин масъалаҳо зинда мемонад ва тараққӣ мекунад. Ҳуқуқи инсон бояд бар зидди ҳамаи ин падидаҳо нӯшдору бошад. Ҳуқуқи инсон асоси сиёсати таъсирбахш дар ҷомеае мебошад, ки одамон метавонанд ба ҳукумат эътимод дошта бошанд ва ба қонун такя кунанд»,-афзуд дар охир ӯ.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ! Аз 29 то 31 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад
Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд






