АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» қабул гардид
ДУШАНБЕ, 07.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супориш дода буданд, ки «бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ зарур аст, ки Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин, барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд». 28 майи соли 2022, №263 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» қабул гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи қарори мазкур Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифадор гардидааст, ки ҳар сол то 1 феврал оид ба иҷрои «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот пешниҳод намояд.
Ҳамчунин ба вазорати мазкур супориш дода шудааст, ки дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат лоиҳаи барномаи амалисозии «Консепсияи шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» -ро ҳар панҷ сол таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Консепсияи мазкур аз панҷ самти калидии сиёсати миллӣ дар соҳаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ иборат аст: васеъ намудани соҳаи шуғли пурмаҳсул; донишу малака, технология ва имкониятҳои шуғли пурмаҳсул; рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул; ниҳодҳо ва барномаҳои бозори меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ.
«Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» бо мақсади мусоидат ба амалисозии муқаррароти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар он сиёсат дар бораи васеъ гардондани шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ҳамчун яке аз чор самти афзалиятҳои асосии рушди кишвар муқаррар шудааст, таҳия гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди кишвар дар таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар он ҳадаф ва афзалиятҳои рушди дарозмуддат бо назардошти сабақҳои андӯхта, орзуву ниятҳои мардуми кишвар, захираву имкониятҳои мавҷуда, омилҳои беруниву дохилӣ ва пешбиниҳои раванди сиёсиву иқтисодии ҷаҳониву минтақавӣ муайян карда шудаанд.
Стратегияи мазкур чор ҳадаф-таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва ниҳоят вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро фаро мегирад.
«Шуғли пурмаҳсул» чӣ маънӣ дорад ва таъмини он дар Тоҷикистон ба чӣ мусоидат мекунад? Ба ин савол муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода посух дод.
«Мафҳуми «шуғли пурмаҳсул» дар асоси талаботи «Конвенсияи Созмони Байналмилалии Меҳнат дар бораи мусоидат ба шуғл ва ҳифз аз бекорӣ» муайян шуда, он фаъолиятест, ки ба даст овардани даромадро дар шакли музди меҳнат ё ин ки фоида аз соҳибкорӣ дар раванди истеҳсоли молҳо, пешниҳоди хизматрасониҳо ва монанди инҳо таъмин мекунад. Воқеан, шуғли пурмаҳсул масъалаҳои пайвасти суръати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, масъалаҳои ҳифзи манфиат ва ҳуқуқҳои кормандон ва ҳамчунин омили муҳиму самаранокро дар роҳи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар дар бар мегирад. Таъмини шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон ба афзоиши истеъмолот, пасандозҳо ва сармоягузориҳо бевосита мусоидат мекунад»,-гуфт Нурулло Маҳмадуллозода.
Дар Паёми соли 2021 Сарвари давлат ҳамчунин зикр намуданд, ки дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад.
«Вале бояд гуфт, ки тибқи таҳлилҳо сатҳи касбияти коргарон ҳанӯз ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй набуда, ин масъала ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.Дар ҷараёни ислоҳот як масъаларо ба эътибор бояд гирифт, ки имрӯз дар Тоҷикистон зарурат ва талабот барои ҷорӣ намудани омӯзиши садҳо ихтисоси дигар вуҷуд дорад»,- таъкид намуданд Пешвои миллат.
Президенти мамлакат ба вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм супориш доданд, ки барои таҷдиди назар кардани барномаву нақшаҳои таълими касбҳои коргарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таъмини муассисаҳои зикршуда бо китобҳои дарсӣ чораҳои заруриро ба роҳ монанд.
«Вобаста ба ин, зарур мешуморам, ки ба ҳар як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, вакилони парламент, роҳбарони сохтору мақомоти марказӣ ва шаҳру ноҳияҳо якнафарӣ ба ҳайси сарпараст вобаста карда, дар зарфи ду соли оянда тамоми мушкилоту масъалаҳои ҷойдоштаи онҳо ҳаллу фасл карда шаванд»,-изҳор намуда буданд Пешвои миллат.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: бойгонии АМИТ «Ховар»