Беҳтаринҳои соҳаи футболи вилояти Суғд дар соли 2022 соҳиби ҷоиза гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба беҳтаринҳои соҳаи футболи соли 2022 дар вилояти Суғд ҷоизаҳо супорида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
29 декабр дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Суғд доир гардид. Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маросим аз муҳимтарин воқеаҳои марбут ба футбол дар соли 2022 ёдовар шуда, роҳхат гирифтани дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро ҷиҳати ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё — 2023 дар соли ҷашни 30-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбии беназири футболи тоҷик арзёбӣ намуд.
Таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди футбол таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар ин раванд ҳамасола дар қаламрави вилоят фаъолияти футболбозон, мураббиён ва кормандони соҳаи футбол натиҷабардорӣ мешавад.
Барои дастаҳои футболи вилоят имсол соли хотирмон буд, зеро клуби футболи «Хуҷанд» дар чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар соли 2022 мақоми сеюмро соҳиб гардида, ҳуқуқи иштирок дар бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро ба даст овард.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Федератсияи футболи вилояти Суғд Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд баргузор гардид, ки дар он 9 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок ва қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа ҷойи сеюм насиби дастаи «Мастчоҳ»-и ноҳияи Мастчоҳ, ҷойи дуюм насиби дастаи «Исфара»-и шаҳри Исфара ва зинаи аввал насиби дастаи «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд гардид. Дастаҳои «Парвоз» ва «Исфара» ба Лигаи якуми мамлакат роҳхат гирифтанд.
Раиси вилоят изҳори боварӣ намуд, ки мураббиёну футболбозон минбаъд низ кӯшишу ғайрат ва маҳорату таҷрибаи андӯхтаашонро барои тарғибу ташвиқи футбол ва омода намудани ҷавонон ба мусобиқаҳои оянда сафарбар менамоянд.
Сипас, маросими ҷоизасупорӣ оғоз ёфта, ба беҳтарин бозигари навраси сол ва мураббии наврасон, беҳтарин мактаби футболи варзишӣ, беҳтарин бозингарон миёни духтарон ва мураббии духтарон, беҳтарин Федератсияи футболи минтақавӣ, беҳтарин довари ҷавон, беҳтарин дарвозабон, муҳофизатгар туҳфаҳо тақдим гардиданд.
Дар чемпионати имсолаи Лигаи дуюми минтақаи Суғд дастаи «Мастчоҳ»-и ноҳияи Мастчоҳ соҳиби ҷойи сеюм, дастаи футболи “Исфара”-и шаҳри Исфара соҳиби ҷойи дуюм ва дастаи футболи “Парвоз”-и ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” соҳиби ҷойи якум гардида, бо медалҳои биринҷӣ, нуқра ва тилло сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон ба дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар Лигаи олии кишвар бомуваффақият иштирок намуда, мақоми сеюмро ишғол намуд, медали биринҷӣ ва диплом супорида шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид






