БУРКОВ ПЕШНИҲОД НАМУД, КИ АЛОҚАИ МУСТАҚИМИ ҲАВОӢ БА РОҲ МОНДА ШАВАД. Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва вилояти Омски Россия аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 ду баробар афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 14.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва вилояти Омск дар соли 2022 нисбат ба соли гузашта ду баробар афзоиш меёбад. Дар ин бора зимни мулоқоти муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода бо Губернатори вилояти Омски Россия Александр Бурков, ки 13 декабр дар Душанбе доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Александр Бурков таъкид намуд, ки барои вилояти Омск дар тӯли чанд сол Тоҷикистон шарики муҳими тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. [Соли 2021] гардиши дуҷонибаи мол 4 млн долларро ташкил дод. Вале тибқи натиҷаҳои соли равон он то ҳадди ду маротиба зиёд гардид.
Тарафҳо нақша доранд, ки минбаъд низ ҳамкориро дар ин самт тақвият бахшанд. Корхонаҳои вилояти Омск, ки ба панҷгонаи минтақаҳои истеҳсолкунандаи панир ва маҳсулоти панирӣ, шири қиёмшуда дар Россия дохил мешавад, дар назар доранд, ки ҳаҷми содироти маводи ғизоиро зиёд кунанд. Тоҷикистон дар навбати худ омода аст тарҳҳои муштаракро дар бахшҳои металлургияи ранга ва сиёҳ, саноати хӯрокворӣ, мошинсозӣ ва сабук баррасӣ кунад.
Корхонаҳои саноати хӯроквории Омск омодаанд, ки ҳаҷми маводи ғизоиро зиёд ва намудҳои онро васеъ намоянд. Дар Тоҷикистон маҳсулоти қаннодӣ ва ордӣ, равғани рапси Омск пешниҳод карда мешаванд. Аз вилояти Омск инчунин имкон аст шири қиёмшуда, равғани маска, маҳсулоти панирӣ ва ҳасиб ворид карда шавад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






