ЧҶ-2022: «Бразилия» ва «Хорватия» бар ҳарифонашон ғолиб омаданд ва дар даври ¼-финал бо ҳам вомехӯранд
ДУШАНБЕ, 06.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои мунтахаби Хорватия ва Бразилия, ки шаби 5 декабр дар бозиҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар рақибонашонро мағлуб карданд, ба чорякфинали мусобиқот роҳ ёфтанд. Дар ин бора шореҳи варзиш Бобо Холмурозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Хорватия бозии пуршиддат анҷом дода, ба нахустин замони изофа дар ин Ҷоми ҷаҳонии футбол расиданд. Аммо дар онҷо ҳам ғолиб муайян нашуд ва ҳисоби мусовии 1:1 тағйир наёфт. Бинобар ин силсилаи пеналтӣ ё ҷаримаи ёздаҳметра таъйин гардид. Маълум шуд, ки маҳорати дастаи мунтахаби Хорватия дар задани тӯб аз ҷаримаи 11-метрӣ хубтар аст, аз ин рӯ онҳо бо ҳисоби 3:1 ғолиб омада, пеш рафтанд.
Боз як дастаи қораи Осиё – Кореяи Ҷанубӣ бо дастаи мунтахаби Бразилия вохӯрд. Ин даста низ аз ҳаққи идомаи мубориза дар чорякфинал маҳрум шуд. Дастаи мунтахаби Бразилия дар нимаи аввал ҳарифро голборон карда, пас аз танаффус ором шуд.
Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ба чаҳор голи бразилиягиҳо тавонист танҳо бо як гол посух бидиҳад. Ин шикасти харобиовар роҳи дастаи мунтахаби Кореяро ба даври чорякниҳоӣ баст. Зимнан, дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ охирин дастае аз қораи Осиё буд, ки аз ҳаққи ширкат дар чорякфинали мусобиқот маҳрум шуд.
Дастаи мунтахаби Хорватия бо дастаи мунтахаби Бразилия дар чорякфинали мусобиқот 9 декабр бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали плей-офф – 3 декабр ба даври баъдӣ дастаҳои мунтахаби Нидерланд ва Аргентина, ки аввалин ҷуфти чорякфиналиро ташкил доданд, роҳхат гирифтанд. Дар даври чорякниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Нидерланд бо Аргентина 9 декабр ва Фаронса бо Англия 10 декабр миёни ҳам бозӣ хоҳанд кард.
Мавриди зикр аст, ки шаби 6 декабри соли 2022 дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар дастаи мунтахаби Португалия дар даври 1/8 финал бо тими мунтахаби Швейтсария бозӣ мекунад. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Лусаил» доир мегардад. Телевизиони «Варзиш» ин рақобатро соати 23:45 ба таври мустақим намоиш медиҳад. Қобили зикр аст, ки дастаи мунтахаби Португалия бо 6 имтиёз дар гурӯҳи «H» бар дастаҳои мунтахаби Гана (3:2) ва Уругвай (2:0) пирӯз шуд ва аз Кореяи Ҷанубӣ (1:2) шикаст хӯрд. Дастаи мунтахаби Швейтсария дар гурӯҳи «G» аз дастаҳои мунтахаби Бразилия (0:1) шикаст хӯрда, бар Камерун (1:0) ва Сербия (3:2) пирӯзӣ ба даст овард ва дар ҷойи дуюм ба плей-офф роҳ ёфт.
АКС аз манбаъҳои боз








Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд






