Дар ДМТ «Маркази илмию таҳқиқотии публитсистика ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев» таъсис ёфт

Декабрь 17, 2022 10:26

ДУШАНБЕ, 17.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Маркази илмию таҳқиқотии публитсистика ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев» таъсис ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» декани факултети мазкур Бахтиёр Қутбиддинов хабар дод.

«Маркази мазкур бо мусоидати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии раёсати Донишгоҳи миллӣ ва ҳадяи китобҳои зиёде аз ҷониби пайвандони профессори зиндаёд Асадулло Саъдуллоев таъсис ёфт»,- гуфт Бахтиёр Қутбиддинов.

Дар маросими ифтитоҳи он ректори донишгоҳ профессор Қобилҷон Хушвахтзода, академик Муҳаммадюсуф Имомзода, профессор Сироҷиддин Эмомалӣ ва дигар устодону кормандони факултет ҳузур доштанд.

Ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳи чунин марказро дар шароити муборизаҳои иттилоотӣ талаботи замон арзёбӣ намуд.

Марказ бо навтарин технологияи аудиовизуалӣ ва дигар технологияи компютерӣ барои таҳқиқу тадрис имконоти зиёд фароҳам меорад.

Аз ин баъд имкон ҳаст, ки тавассути ин марказ семинару конфронсҳои онлайнӣ гузаронида шаванд.

Марказ дорои 40 — 50 ҷойи нишаст буда, зиёда аз 1200 адабиёти илмиву бадеии соҳаро фаро гирифтааст.

Аз ҷониби фарзандони А.Саъдуллоев зиёда аз 350 номгӯй адабиёти гуногун ва дар маҷмӯъ зиёда аз 1000 китоб дар ин марказ ҷамъ оварда шуд.

Аз ҷониби собиқ шогирдони факултет нодиртарин китобҳо харидорӣ ва ба ин марказ туҳфа карда шуданд.

Дар доираи ҳамкориву робитаҳо аз ин баъд имкон ҳаст, ки дарсҳои беҳтарин устодони факултетҳои журналистии Россияву дигар мамолики ИДМ ба роҳ гузошта шаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар факултети журналистика 26 нафар номзадҳо ва 10 нафар докторони илм фаъолият доранд. Акнун имкон аст, ки дар ин поя маркази такмилу бозомӯзии устодони соҳа ба роҳ гузошта шавад.

Акс: ДМТ

Декабрь 17, 2022 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд