Дар Душанбе барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» мусобиқаи волейболбозон оғоз ёфт

Декабрь 8, 2022 13:19

ДУШАНБЕ, 08.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди волейбол байни кормандони дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва сохторҳои он дар пойтахт, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» оғоз гардид. Дар он 12 даста байни ҳам рақобат менамоянд. Мусобиқаи мазкур ба 28-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шудааст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ.

Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода ва Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ва дигар роҳбарони ин сохтор дар ноҳияҳои пойтахт иштирок намуданд.

Дар маросими кушодашавии мусобиқа гуфта шуд, ки рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба пешрафти он ҳамчун василаи шоистаи муаррифии миллату кишвар дар ҷаҳон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муассири тарбия ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, варзишгаронро, ки бо иштироки фаъолона соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ ва байналмилаӣ мегарданд, дастгирӣ ва барои ҷалби сармоияи иловагӣ бо мақсади бунёди толору майдончаҳои варзишӣ талош мекунад.


Зикр шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад ва ба ҷалби ҳарчи бештарин ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад ва тавассути воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солимро васеъ ба роҳ мемонад.

Ҳизб сиёсати рӯй овардан ба ҷавононро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад.

АКС маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Декабрь 8, 2022 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд