Дар Душанбе иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид

Декабрь 16, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Аъзои Маҷлиси миллӣ дар оғоз қарорҳои дахлдорро оид ба интихоби котибот, тасдиқи рӯзномаи иҷлосия иборат аз 40 масъала қабул ва бо тартиби муқарраргардида ба баррасии онҳо шурӯъ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки 26 августи соли 2022 ҷаласаҳои якҷояи Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда доир гардиданд.

Дар натиҷаи интихоботи баргузоршуда номзадҳо — Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва Раиси ноҳияи Рўдакӣ Азизулло Исматзода  дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 бо гирифтани аксари овози вакилони интихобкунанда аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуда, бо Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2022 ваколатҳои онҳо тасдиқ карда шуд.

Тибқи муқаррарот аъзои тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Мирзонабот ва Азизулло Исматзода дар вазъияти ботантана ба халқи Тоҷикистон савганд ёд карданд.

Дар робита ба тағйироти дар ҳайати Маҷлиси миллӣ баамаломада нахуст аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзонабот А.Х.» ва «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудани Исматзода А.У.» қабул карданд.

Сипас, тибқи рӯзномаи иҷлосия раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Раҳмон, Қурбон Ҳакимзода, Маҳмадшоҳ Гулзода, Шарифҷон Ҷумъазода ва Фарҳод Раҳимӣ хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда манзур намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мадании Ҷумхурии Тоҷикистон, инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ва «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда», ки дар шакли мукаммал қабул ва пешниҳод гардидаанд, баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин аъзои Маҷлиси миллӣ нисбат ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ,  мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ, гумрук, фазои ҳавоӣ ва андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва дигар қонунҳое, ки ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунгузорӣ пешбинӣ менамоянд, ҷонибдории худро изҳор карданд.

Тибқи рӯзномаи иҷлосияи дувоздаҳум, бо пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Балаҷон Идрисзода судяи Суди конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб, Шамс Азизӣ ва Тоҳир Қодирзода  аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парвиз Мирзозода аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуда, дар ин хусус қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Инчунин дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллӣ дар ноҳияи Лахш номи деҳаи Ҷиргатоли деҳоти Ҷиргатол ба деҳаи Сариосиёб ва деҳоти Ҷиргатол ба деҳоти Наврӯз иваз карда шуданд.

Тибқи рўзномаи иҷлосия ҳамчунин сме­таи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон барои соли 2023 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардиданд.

Зикр бояд кард, ки аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушхабарро дар хусуси қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо хушнудӣ қабул карданд.

Бо ифтихору фараҳмандӣ зикр гардид, ки дар асоси ин қатънома, пешниҳодҳои башардўстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, инчунин дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимод ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои марбут ба ин рўйдоди таърихӣ ва муҳим, инчунин дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ вазифаҳо гузоштанд.

Ҳамзамон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо натиҷагирӣ аз кори иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллӣ ва ҷамъбасти соли 2022 ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлат, таъмини волоияти қонун, инчунин баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, пешрафту тараққиёти давлати соҳибистиқлол ва ободии Ватани маҳбубамон сафарбар намудани саъю талоши худ дастуру супоришҳо доданд.Дар фарҷом муҳтарам Рустами Эмомалӣ аъзои Маҷлиси миллӣ ва кулли сокинони кишварро бо фарорасии соли нави мелодии 2023 самимона табрик гуфта, барои онҳо рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон ояндаи ободу осуда орзу намуданд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 16, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар Санкт-Петербург баррасӣ гардид
Равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон густариш меёбад
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Маҳмадтоир Зокирзода дар кори Анҷумани X парлумонии БРИКС дар шаҳри Санкт Петербург иштирок намуд
Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок менамояд
Дар Маҷлиси намояндагон ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» доир гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуд
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок дорад
Дар Душанбе робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — МАКТАБИ БУЗУРГИ ВАТАНДОРӢ. Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд