Дар Хуҷанд оид ба таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон форуми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд дар мавзӯи «Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» Форуми II ҷумҳуриявии иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.
Дар даромадгоҳ меҳмонон бо дастовардҳои инноватсионии донишҷӯён ва кормандону устодони донишгоҳ шинос шуданд. Ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода форумро ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро мустаҳкам намудани робитаи илм бо истеҳсолот, мубодилаи афкор ҷиҳати дарёфт ва пешниҳоди тавсияҳо баланд бардоштани рақобатпазирии субъектҳои алоҳидаи хоҷагидории минтақа ва иқтисодиёти миллӣ дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, гузариш ба ҳадафҳои рушди устувор маънидод кард.
Бино ба иттилои сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Сино Ғафурӣ, дар форум коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои «Саҳми занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти кишвар», «Амалигардонии саноатикунонии босуръат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баланд бардоштани рақобатпазирии он» ва ғайра маъруза намуданд.
Зикр шуд, ки таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ аз масъалаҳои асосии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми якуми иқтисодии ҷумҳуриявӣ ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
АКС: Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ










Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






