Дар Хоруғ кӯпруки пиёдагард баъди барқарорсозӣ мавриди истифода қарор гирифт

Декабрь 19, 2022 09:04

ДУШАНБЕ, 19.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабри соли равон кӯпруки пиёдагрди бозори марказии шаҳри Хоруғ, ки бар асари сӯхтор дар моҳи майи соли равон хароб гардида буд, баъди барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дарозии кӯпрук 100 ва паҳнои он 4 метро ташкил дода, вазни борбардориаш 17 тонна мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Зикр шуд, ки бар асари сӯхтори моҳи май дар бозори марказии шаҳри Хоруғ кӯпруки пиёдагард, ки ду соҳили дарёро ба ҳам мепайваст, вайрону валангор шуда, ҳаракати мардум дар он номумкин гардид. Бо супориши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вазифадор гардиданд, ки иншооти мазкурро ҳарчӣ зудтар барқарор сохта, рафтуомади сокинонро дар ин масир таъмин намоянд.

«Маҳз бо ҳидоятҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мусоидати Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо тавонистем ин супориши Пешвои миллатро бо як сарбаландӣ ва дар муҳлати муқарраргардида иҷро кунем»-гуфт Раиси вилоят.

Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, хоса Пешвои миллат ёдоварӣ намуда, гуфт, ки ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориҳо моро зарур аст, ки дар меҳвари сиёсати оқилонаю дурандешонаи Президенти кишвар сарҷамъ бошем, аҳлонаю содиқона меҳнат кунем ва дар рушди нумуи вилоят саҳми арзанда гузорем.

Тазаккур бояд дод, ки корҳои таъмирӣ дар кӯпрук танҳо баъди дастрас шудани масолеҳи зарурӣ аз шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз гардида, бо ҷалби мутахассисони Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят ва КВД «Бадахшонроҳсоз» он таъмир ва мавриди истифодаи умум қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки зимни ифтитоҳи кӯпрук Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.

Акс: МИҲД ВМКБ

Декабрь 19, 2022 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад