Дар Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» 6 субъект фаъолият менамоянд

Декабрь 22, 2022 10:42

КӮЛОБ, 22.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» аз ҷониби ҶСК «Тоҷикгидроэлектромантаж» сохтмони таҳкурсии бинои зеристгоҳи барқтақсимкунанда ва дигар иншооти марбут ба соҳа бо ҷалби 33 нафар сокинони маҳаллӣ оғоз ёфта, ҳавзи захиравии об барои пешгирӣ аз ҳолатҳои зиддисӯхторӣ низ бунёд гашта истодааст, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.

Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бемайлони бахшҳои саноат ва фаро гирифтани сокинони ин минтақаи Тоҷикистон ба шуғли доимӣ дар яке аз мавзеъҳои аз ҷиҳати иқлим мувофиқ дар майдони 309 гектар бунёд гаштааст.

Дар айни замон дар Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» 6 субъект, аз ҷумла ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик Алмос», «Кӯлоб Агросаноат», «Кӯлоб Пласт», «Растанӣ Инно», «Сомон Трейд» ва «Ваҳдат Металл» ба қайд гирифта шудаанд. Дар марҳилаи ибтидоӣ аз ҷониби ҶДММ «Тоҷик Алмос» дар самти бунёди корхонаи истеҳсоли қисмҳои автомобилӣ, ҳавотозакунакҳои равғанӣ ва ҳавоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, корҳои сохтмони бинои истеҳсолӣ ва дигар бинову иншооти ёрирасон анҷом ва таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳудуди корхонаи мазкур ворид гардидаанд.

Дар ин давра бо ҷалби мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин васлу насби таҷҳизоти истеҳсолии корхона анҷом ёфта, истеҳсоли зиёда аз 11 навъи ҳавотозакунакҳо барои тамғаҳои гуногуни мошинҳо дар шакли тестӣ ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои омӯзишӣ ҳоло 18 нафар мутахассисони маҳаллӣ, аз ҷумла 12 нафар аз ҳисоби занҳои хонашин ба кор ҷалб гардиданд. Баъд аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани корхона 20 нафар кормандони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Роҳбарият нақша дорад, ки истеҳсоли маҳсулотро баъд аз ташхиси техникии сифати мол ба бозор пешниҳод намояд.

Ҳамзамон дар Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» аз ҷониби ҶДММ «Кӯлоб Агросаноат» низ корҳои сохтмонӣ дар самти бунёди корхонаи истеҳсоли равған, набот, коркард ва бандубасти намаки ошӣ оғоз ва ҷамъи аввали сармоягузории корхонаи мазкур 3,4 млн сомониро ташкил медиҳад. Иқтидори солонаи истеҳсолии он 60 тонна набот, 150 тонна равған ва 5 ҳазор тонна намаки оширо пешбинӣ менамояд. Дар доираи он таъсис додани 40 ҷои нави кор низ дар назар дошта шудааст.

Дар айни замон аз ҷониби роҳбарияти Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», ки панҷумин минтақаи озоди иқтисодӣ дар мамлакат мебошад, корҳо дар самти ҷалби дигар сармоягузорони дохилию хориҷӣ вобаста ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ бомаром идома доранд. Дар назар аст, ки бо бунёди корхонаҳои бузург теъдоди бекориро коҳиш дода, сатҳи зиндагии мардумро боло бардоранд ва ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми роҳбарияти давлату ҳукумат- саноаткунонии босуръати мамлакат нақши муассир гузоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 22, 2022 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад