Дар Суғд ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон муайян гардиданд

Декабрь 19, 2022 14:19

ДУШАНБЕ, 19.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин барои дарёфти Ҷоми Президент​ ​аз Тоҷикистон 2 нафар, аз ҷумла дар вазни 65 кг Орифҷон Додов ва дар вазни 71 кг Мирзоҷамил Рамазонов соҳиби ҷойи якум ва дар​ вазни 95 кг ва беш аз 95 кг варзишгарони эронӣ Масъуд Қавибозу ва узбекистонӣ​ Муҳсин Ҳисомиддинов соҳиби Шоҳҷоиза — автомашинаи тамғаи «Hyundai Avante» гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар маросими кушодашавии​ чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ, намояндагони кишварҳои иштироккунанда, варзишгарону мураббиён, ҷавонон иштирок доштанд.

Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 нафар варзишгарони кишварҳои Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Узбекистон, Туркия, Қазоқистон, Беларус, Туркманистон, Гурҷистон давоми рӯз қувваозмонӣ намуда, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош намуданд.


Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 2 нафар соҳиби ҷойи якум, 3 нафар соҳиби ҷойи дуюм 6 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба соҳибони ҷойҳои сеюм, дуюм ва якум​ мутаносибан​ 10 000 сомонӣ, 20 000 сомонӣ​ ва​ 40 000 сомонӣ мукофотҳои пулӣ тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки 18 декабр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон​ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин​ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ баргузор гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 19, 2022 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали рамзии паралимпичиёни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид