Дар Тоҷикистон беш аз 4 миллион адад китобҳои дарсӣ нашр гардиданд
ДУШАНБЕ, 05.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. То 1 декабр аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо теъдоди 4 млн 318 ҳазору 630 нусха нашр шудааст. Ин матлаб зимни баргузории машварати ҷумҳуриявии «Таъмини адабиёти таълимӣ – омили рушди маориф» баён гардид, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Дар кори ҳамоиш муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, мутасаддиёни бахши китобдории раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва намояндагони сохторҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зерсохтори он ширкат варзиданд.
Зимни он масъалаҳои муҳимми соҳаи нашр ва таъминоти адабиёти таълимӣ, аз қабили дастовардҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини китобҳои дарсӣ дар соли 2022 ва нақшаҳо барои соли 2023, мушкилоти соҳа ва роҳҳои бартараф кардани онҳо, муаррифии платформаи «Китобхонаи электронӣ» ва «Сандуқчаи зулбиё», омилҳои роҳ наёфтани ҳолатҳои коррупсионӣ дар самти иҷораи китобҳои дарсӣ ва роҳҳои пешгирии он баррасӣ шуданд.
Гуфта шуд, ки тибқи «Нақшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соли 2023» таҳия ва нашри 44 номгӯй китоби дарсӣ аз синфи 1 то 11 дар назар дошта шудааст.
Аз мушовирони бахши китобдории раёсату шуъбаҳои маориф даъват ба амал оварда шуд, ки бо мақсади аз байн бурдани норасоии адабиёти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ҳамкории китобдорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳангоми пешниҳоди эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ саҳлангорӣ накарда, ҳар рақамро дуруст таҳлил карда, сипас ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намоянд.
Дар охир барои фаъолияти пурмаҳсул ва софдилона мушовирони бахши китобдории шуъбаҳои якчанд шаҳру ноҳияи мамлакат бо диплому сипоснома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






