Духтарон аз «Панҷшер» ғолиби Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни то 17-солаҳо гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар қисми ниҳоии Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои духтаронаи то 17-сола оид ба футбол ба анҷом расид. Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ғолиби чемпионат гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқаи чемпионати кишвар миёни духтарони то 17-сола дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд. Дар марҳилаи аввал 14 даста дар ду гурӯҳ – «А» ва «Б» бо ҳам рақобат карданд. Пас аз ҷамъбасти бозиҳои минтақавӣ аз ҳар гурӯҳ се даста ба марҳилаи финалӣ бароманд.
Дар марҳилаи ниҳоии Чемпионати Тоҷикистон миёни духтарони то 17-сола шаш даста ширкат карданд. Барои ҷойи сеюми мусобиқа дастаҳои «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов) ва «Зебонисо» (Душанбе) рақобат намуданд. Дар ин вохӯрӣ дастаи «Ҷавонӣ» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, барандаи медалҳои биринҷӣ гашт.
Дар бозии ниҳоӣ ду дастаи вилояти Хатлон – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Бешкент» (Носири Хусрав) бо ҳам вохӯрданд. Дар ин муборизаи шадид дастаи «Панҷшер» бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.
Ғолибону ҷоизадорон ва беҳтарин бозигарони чемпионатро директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров, директори Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон Абдулло Соқиев ва муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов бо медал, ҷом ва ҷоизаҳои инфиродӣ қадрдонӣ намуданд.
Кумитаи тадорукоти мусобиқа инчунин беҳтаринҳоро низ бо мукофотҳо сарфароз намуд. Беҳтарин дарвозабони лига Самира Тӯйчибоева аз дастаи «Ҷавонӣ» дониста шуд. Ҷоизаи нишонзани беҳтаринро Улҷамол Элмуродова («Бешкент»), ки дар ин мавсим 47 гол зад, соҳиб гардид. Фирӯза Шукурова («Ҷавонӣ») беҳтарин мураббӣ ва Таҳминаи Баҳром аз дастаи «Панҷшер» беҳтарин бозигар эътироф шуданд.
Акс: ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






