«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар озмуни ҷумҳуриявӣ намояндагони касбу кори гуногун миёни ҳам рақобат доранд
ДУШАНБЕ, 13.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Тибқи ҷадвали тасдиқшуда, аз имрӯз то 15 декабр 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун миёни ҳам рақобат менамоянд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Тавре қаблан иттилоъ додем, озмуни мазкур 5 декабр оғоз гардида, аз рӯйи 5 номина – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср сурат мегирад.
Баҳри дарёфти ғолибон довталабон тамоми сайъу талошҳои худро ба харҷ дода, мунтазири натиҷаҳои онанд.
Омӯзгори МТМУ рақами 25-и шаҳри Ваҳдат Гавҳар Сайфиддинова дар озмуни мазкур аз рӯи номинаи «Адабиёти ҷаҳон» иштирок дорад. Ӯ иброз медорад, ки тавассути иштирок дар озмун ҷаҳонбинии худро хеле васеъ намудааст.
«Дар асарҳое, ки ба озмун пешниҳод гардидаанд, доир ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва халқҳои ҷаҳон маълумоти мухтасар оварда шудааст. Мутолиаи онҳо барои ҳар шахс дар зиндагӣ зарур аст, зеро он ба инсон ба ғайр аз огоҳ шудан аз таърихи гузаштаи худ, инчунин дарси зиндагӣ мебахшад», -мегӯяд Гавҳар Сайфиддинова.
Ба зикри ҳамсуҳбати мо, китоб дар ҳаёти инсоният нақши бориз дошта, сарчашмаи ба камол расидан ва маърифатноку хирадманд шудан мегардад. Аз ин рӯ Гавҳар Сайфиддинова ҳамчун омӯзгор изҳор медорад, ки бояд ҳамеша талош бар он кард, ки наврасони мо ба китобхонӣ ҳамеша шавқу рағбат дошта бошанд. Меҳри китобро аз хурдсолӣ дар дилашон ҷой диҳанд, то кӯдак фаҳмад, ки китоб чист ва ба ӯ чӣ дода метавонад.
«Ман тӯли ду сол аст, ки дар ин озмун иштирок дорам ва фикр мекунам, ки иштирокчиёни имсола нисбат ба солҳои қаблӣ куллан фарқ доранд. Зеро онҳо аллакай камбудиҳоеро, ки соли гузашта ба онҳо роҳ дода буданд, тавассути мутолиаи зиёд ислоҳ кардаанд. Рисолати озмун ҳам дар ҳамин зоҳир мегардад»,-гуфт ӯ.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






