ФУТБОЛ. Дар Хуҷанд марҳилаи якуми бурсҳои мураббигӣ барои иҷозатномаи «В» КФО ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 11.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд марҳилаи якуми бурсҳои мураббигӣ аз рӯйи барномаи иҷозатномаи «В»-и Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ҷараён дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дастурдиҳандаи бурсҳо инструктори КФО Боир Игамбердиев ва ёвари ӯ сардори шуъбаи техникии Федератсияи футболи вилояти Суғд Асрор Шораҷабов мебошанд.
Дар ин бурсҳо 20 нафар довталабон ҳузур доранд: Мансур Ҳакимов, Манучеҳр Аҳмадов, Фирӯз Бобиев, Даврон Маҳмудов, Фаррух Ҳусайнов, Наимҷон Мансуров, Маҳкамҷон Маҳкамов, Рустамҷон Юсупов, Бузургмеҳр Гулов, Фаррух Тухтабоев, Фарҳодҷон Умаров, Шаҳзод Нурматов, Саидҷон Абдуллоев, Зоҳирҷон Қурбонов, Шералӣ Бегов, Абдумалик Қирғизбоев, Муҳиддин Рустамов, Дониш Саидзода, Мавлон Исмоилов ва Ғайрат Нозимов.
Марҳилаи дуюми бурсҳои мураббигӣ аз рӯйи барномаи иҷозатномаи «В» аввали соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Пас аз анҷоми ҳарду марҳила иштирокчиён аз рӯйи барномаи таълимии анҷомшуда имтиҳон месупоранд.
Акс: ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






