«Jerusalem Masters 2022». Темур Раҳимов сазовори медали нуқра шуд
ДУШАНБЕ, 23.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр, дар рӯзи охирини мусобиқаи «Jerusalem Masters 2022» оид ба дзюдо варзишгари тоҷик Темур Раҳмов дар вазни +100 кг сазовори медали нуқра гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Дзюдочии тоҷик Темур Раҳимов дар даври аввал озод буд ва рақобатро дар даври дуюм ба муқобили Ричард Сипоч аз Маҷористон оғоз кард. Дар ин нерусанҷӣ Темур тавонист, ки бо имтиёзи иппон ба муқобили Ричард зафар ёбад ва роҳашро ба даври чаҳорякниҳоӣ ҳамвор созад.
Дар давраҳои баъдӣ то финал Темур Раҳимов варзишгаронро аз Озарбойҷон ва Узбекистон мағлуб кард.
Дар даври финалӣ Темур Раҳимов аз дзюдочии ҷопонӣ — Татсуру Саито мағлуб шуд.
Бояд гуфт, ки Темур Раҳимов нахустин варзишгари тоҷик аст, ки дар мусобиқаи «Masters» соҳиби медал гардид.
АКС: ТВ Варзиш/КМО








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






