Корвони кумакҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов барои афсарону сарбозон ба ВМКБ расид

Декабрь 31, 2022 16:33

ДУШАНБЕ, 31.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои 4000 нафар сарбозону афсарони ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастархони идона орост. Ҳамчунин ӯ ба 750 оилаи афсарон кумаки озуқаворӣ иборат аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва ба 160 нафар афсарзанон кумаки пулию моддӣ расонид.

Соҳибкор инчунин ба қисмҳои низомии ниҳодҳои болозикр 25 адад телевизор, 25 адад мизи дарзмолкунӣ, барои 2100 сарбозон либосҳои гарми зимистона ва маводи гигиенӣ, инчунин 4 сар чорвои калони шохдор, 50 сар чорвои хурд ва 700 паранда тақдим кард.

Бояд гуфт, ки кумаки расонидашуда дар маҷмуъ 70 тоннаро ташкил дод.

Аз ҷумла роҳбари ҶДДМ «Сарманзил» барои 605 нафар сарбозону афсарони Вазорати мудофиа дастархони идона ороста, ба 83 оилаи афсарон кумаки моддӣ ва ба 5 нафар кумаки пулӣ расонид.

Ҳамчунин ба 87 нафар кӯдакони афсарон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.


Дар шаҳраки ҳарбиёни отряди сарҳадии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ барои 1400 нафар сарбозону афсарон дастархон ороста шуда, ба 1100 нафар кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ ва ба 200 оилаи афсарон кумаки озуқаворӣ аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон, гушт ва ғайраҳо тақдим гардиданд.

Дар ин ҷо 32 нафар афсарзанон бо кумакпулиҳо ва туҳфаҳои солинавӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин барои 317 нафар кормандону афсарони Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Раёсати КДАМ дастархони идона ороста, ба 347 нафар кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд. 33 нафар кормандони ин ниҳод бо маблағҳои пулӣ ва кумаки озуқаворӣ ҳавасманд гардиданд.

Дар қисми низомии дастаи таъйиноти махсуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмудҷон Муродов барои 360 нафар дастархон ороста, ба 160 оилаи афсарон кумаки озуқаворӣ ва ба 200 нафар кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард. Инчунин ба 12 нафар кумакпулӣ ва туҳфаҳои солинавӣ супорид.

Дар қисми низомии Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ барои 360 нафар сарбозону афсарон дастархон ороста шуда, ба 246 оилаи афсарон кумаки озуқаворӣ ва ба 77 нафар кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд. 9 нафар кормнадони ин қисми низомӣ бо кумакпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар кӯдакистони №6 воқеъ дар ҳудуди шаҳраки ҳарбиёни Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ барои 100 нафар кӯдакон дастархон ороста, ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд.

Ҳамчунин 25 нафар кормандони муассисаи мазкур бо маблағҳои пулӣ ҳавасманд карда шуданд.


Инчунин аз ҷониби соҳибкор барои 400 нафар кӯдакони отрядҳои мақомоти қудратии дигар туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд.

Дар шаҳраки ҳарбиёни отрияди сарҳадии шаҳри Хоруғ туҳфаҳои соҳибкор ба Шифохонаи ҳарбӣ низ расиданд. Шифохонаи мазкур дорои 50 ҷойи хоб буда, дар он 22 нафар табибон ба сарбозон хизмати тиббӣ мерасонанд. Ба сарбозони бемор суфраи идона ороста, туҳфаҳо тақдим гардиданд. Ба табибон кумаки пулӣ супорида шуд.


Соҳибкор мақсад дорад, ки дар баробари расонидани кумаки озуқаворӣ дар ободии шаҳраки ҳарбиёни шаҳри Хоруғ низ саҳми арзишманд гузорад.


Ҳамчунин ба 450 нафар хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 воқеъ дар шаҳраки ҳарбиён ва 28 нафар омӯзгорон туҳфаҳои идона супорида шуданд.

Роҳбари ҶДММ «Сарманзил» дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ ба номи Карамшо Додихудоеви ноҳияи Рӯшон барои 200 тарбиятгирандагон дастархон ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим кард. Ӯ инчунин ба 45 нафар омӯзгорон ва кормандони муассиса кумакпулӣ расонид.


Ба Маҳмудҷон Муродов аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон асбоби мусиқии хоси минтақа — рубоби бадахшӣ тақдим карда шуд.

Рустам ҶАМИЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 31, 2022 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Тоҷикистон соҳаи аритмиология рушд меёбад