«МО ЯКҶОЯЕМ!». Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ дар шаҳри Москва ширкат варзид
ДУШАНБЕ, 08.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 8 декабр дар шаҳри Москваи Россия Форуми байналмилалии иштироки шаҳрвандӣ таҳти унвони «Мо якҷояем!» («Мы вместе!») баргузор гардид, ки дар он дар қатори 46 давлати дунё ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шабнам Раҳимзода иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур хабар доданд.
Дар ин форум Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин иштирок намуда, ғолиби озмуни «Волонтёри сол»-ро бо сипоснома ва мукофоти хотиравӣ қадрдонӣ кард.
Ҷоиза барои саҳм дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушди миллии Федератсияи Россия то соли 2030 дода мешавад. Вазифаи асосии он эътироф ва дастгирии пешвоёни ташаббусҳои муҳими иҷтимоиест, ки ба кумак ба одамон ва беҳтар кардани сифати зиндагӣ дар Россия ва ҷаҳон нигаронида шудааст.


Зимни сафар ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Россия ширкат варзид, ки онро муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода ва муовини директори Агентии федералии кор бо ҷавонони Россия Денис Аширов ифтитоҳ намуданд.
Зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия барои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Россия заминаи мусоид фароҳам оварда, имрӯз ҳамкории ин ду кишвари дӯсту бародар дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

Дар форум намояндагони ташкилоти кор бо ҷавонони Тоҷикистон ва Россия, марказҳои ҷавонон ва волонтёрон иштирок намуда, аз фаъолияти худ маълумот пешниҳод ва барои ҳамкорӣ омодагии худро баён намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо ба мубодилаи таҷриба дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат намуда, ҳамкориро миёни ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон, марказҳои ҷавонон ва волонтёрон густариш мебахшад.
Форум дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон баргузор гардид.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






