МОШИНҲОИ «ТАКСӢ»-И СОЛИ БАРОРИШАШОН ТО 2016 АЗ ХАТИ САЙР БАРОВАРДА МЕШАВАНД? Ба ин суол сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе посух дод
ДУШАНБЕ, 02.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо миёни сокинони пойтахт сару садоҳое паҳн шудаанд, ки гӯё кормандони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳр аз хати сайр баровардани мошинҳои соли бароришашон то 2016-ро оғоз намудаанд. Оё ин овозаҳо асоси воқеӣ доранд? Ба ин суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе Бахтиёр Вайсзода посух дод.
Ба гуфтаи Б.Вайсзода, «баровардани мошинҳои соли бароришашон то 2016, ки имрӯз миёни ронандагон ҳар гуна ҳангома ба миён овардааст, асоси воқеӣ надорад. Мо ҳамасола ин гуна чорабиниҳои мақсаднок, ба монанди «Амалиёти пиёдагард», «Амалиёти истгоҳ», «Автобус» ва чанде дигарро ба хотири баланд бардоштани интизом, ҳолати техникӣ, баррасии сатҳи омодагии мошинҳои хурди мусофиркашонӣ ба давраи зимистон мегузаронем. Рақамҳои нақлиёте, ки гирифта мешаванд, баъд аз ислоҳи камбудӣ аз ҷониби ронандагон ба онҳо баргардонида хоҳанд шуд».
Тавре иттилоъ дода шуд, имрӯз дар 12 ҷамъияти хурди мусофирбар 3600 квота муқаррар шудааст. Аммо ин ширкатҳо бинобар афзоиши ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҳисоби ноҳияҳои атрофи он 500 адад мошини дигарро барои хизматрасонӣ зам кардаанд. Яъне, теъдод ба 4100 адад расидааст. «Ҳоло шумораи нақлиёти хурди мусофиркашонӣ зиёда аз 6000 ададро ташкил медиҳад.Дар натиҷаи аз ҷониби ширкатҳо худсарона зиёд кардани квота барои хизматрасонӣ ба танбашавӣ ва халалдорёбии кори автобусу троллейбусҳо дар истгоҳҳо оварда мерасонад.
Ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки таъмини тартибот дар роҳу нақлиёт на танҳо вазифаи кормандони БДА ба шумор меравад, зеро ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ кормандоне доранд, ки тартиботи бехатарӣ дар роҳро таъмин мекунанд, аммо аз ҷониби онҳо уҳдадориҳояшон ба таври зарурӣ амалӣ карда намешаванд.
«Ширкатҳо мебояд реҷаи корӣ дошта бошанд. Яъне қисмати реҷаи рӯзона ва шабона. Қабл аз шурӯъ кардан ба кор бояд ҳолати рӯҳиву равонии ронандагон санҷида шавад. Ҳамин аст, ки бинобар сабабҳои болозикр дар 11 моҳи соли равон бо иштироки нақлиёти мусофиркашон 47 ҳодисаи нохуши роҳу нақлиётӣ ба амал омадаанд, ки дар натиҷа 7 нафар ҳалок ва 40 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд»,-афзуд Б. Вайсзода.
Саволе ба миён меояд, ки агар дар ширкатҳо меъёри муайяни қабули мошинҳои мусофиркаш ҷорӣ гардида бошад, пас чаро онҳо аз меъёр зиёд қабул мекунанд?
Мутаассифона, ҳангоми тамос ҷиҳати посух додан ба ин савол ширкатҳои хизматрасон аз шарҳ худдорӣ намуданд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст
Раванди ислоҳоти низоми тандурустӣ то соли 2030 баррасӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Омилҳои пайдоиши диабети қанд ирсӣ, фарбеҳӣ ва фишорбаландӣ мебошанд
Оид ба барномаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Доир ба нақши мероси тамаддунҳои бостонӣ дар ташаккули давлатҳои муосири миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе намоиши ҷойҳои кории холӣ ва имкониятҳои нави шуғл баргузор гардид
Дар Деҳлии Нав Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ идома дорад
Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ густариш меёбад
Фарҳод Раҳимӣ: «Паёми Президенти Тоҷикистон заминаи стратегии рушди иқтисодӣ ва худшиносии миллӣ аст»
Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Дар Тоҷикистон Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода мешавад
Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид






