Мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди волейбол барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 22.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди волейбол байни кормандони дастгоҳи КИМ ҲХДТ, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид. Дар он дастаи дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба гирифтани ҷойи якум ноил гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ.
Дар мусобиқаи мазкур 12 даста дар 2 гурӯҳ бозӣ намуданд. Аз ҷумла, дастаҳои дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав ва Ваҳдат байни ҳамдигар сабқат карданд.
Ҳамин тариқ, дастаи дастгоҳи КИМ ҲХДТ сазовори ҷойи якум гардида, КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ зинаи дуюм ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода мақоми сеюмро соҳиб шуданд.


Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа ба дастаи ғолиб Ҷомҳои ифтихорӣ, диплом, медалҳои ифтихорӣ ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуд.
Муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода иброз дошт, ки мусобиқаи мазкур ба 28-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шуда, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оммавигардонии варзиш ва самаранок истифода бурдани иншоотҳои варзишӣ дар ҳамдастӣ бо Федератсияи волейболи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагои Ватан» ва Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
«Мақсади асосӣ аз амалӣ намудани иқдоми мазкур тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқи васеи бозии волейбол дар байни аҳолии кишвар, таъмини бевоситаи иҷрои «Барномаи рушди волейбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва муайян намудани беҳтарин дастаи волейболбозони сохторҳои ҲХДТ маҳсуб меёбад», — тазаккур дод А.Латифзода.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муассири тарбия ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, варзишгаронро, ки бо иштироки фаъолона соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ ва байналмилаӣ мегарданд, дастгирӣ ва барои ҷалби сармояи иловагӣ бо мақсади бунёди толору майдончаҳои варзишӣ талош мекунад.



Гуфта шуд, ки рушди варзиш яке аз самтҳои барномавии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо назардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Дар маросими мазкур ҳамчунин Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Оятулло Аҳмадзода, директори телевизони «Варзиш» Парвиз Нориён ва Ректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Машраб Файзулло иштирок намуданд.
АКС: Маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ








Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






