Номи деҳаи Ҷиргатоли ноҳияи Лахш ба деҳаи Сариосиёб иваз гардид
ДУШАНБЕ, 26.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Номи деҳаи Ҷиргатол ба деҳаи Сариосиёб ва деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш ба деҳоти Наврӯз иваз карда шуданд. Дар ин бора Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2022 ба тавсиб расид.
Ноҳияи Лахш (то 3 марти соли 2016 ноҳияи Ҷиргатол) яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буда, 10 марти соли 1931 таъсис ёфтааст. Маркази ин ноҳия -шаҳраки Ваҳдат дар соҳили дарёи Сурхоб, 284 км дуртар аз шаҳри Душанбе воқеъ аст. Ин ноҳия солҳои 1939 — 1955 дар ҳайати собиқ вилояти Ғарм шомил гардида буд. Бар асоси қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Лахш 1 шаҳрак (Ваҳдат) ва 8 ҷамоат дорад.
Ноҳияи Лахш дар водии Рашт ҷойгир шудааст. Дар шимол бо вилояти Бодканди Қирғизистон, дар ғарб бо ноҳияи Рашт, дар ҷануб бо ноҳияҳои Тоҷикобод ва Сангвор ва дар шарқ бо ноҳияи Чон-Олойи Қирғизистон ва ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҳамсарҳад аст. Масоҳати ноҳияи Лахш 4580.1 км² -ро ташкил медиҳад. Маркази имрӯзаи ноҳия ва аксар деҳаҳо дар водии нисбатан фарохи ҳавзаи дарёи Сурхоб доман густурдаанд. Аз чашмасоронаш дарёчаҳои кўҳии Муқсу, Тамдиқул, Пиёзӣ, Оби Кабуд, Дувана ва Ғулама маҷро мегиранд. Ҳудуди ноҳияро аз шарқ ба ғарб дарёи Сурхоб бурида мегузарад. Ба он дарёчаҳои бисёре ҳамроҳ мешаванд, ки калонтаринашон аз чап Муқсу ва аз рост Оби Кабуд мебошанд.
Ноҳияи Лахш дар баландии зиёда аз 1500 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва зиёда аз 95%-и ҳудуди онро қаторкўҳҳо ташкил медиҳанд. Ноҳия барои рушди соҳаи сайёҳӣ, махсусан сайёҳии экологӣ ва кўҳию варзишӣ хеле мусоид мебошад. Иқлими хуб, боду ҳавои форам, табиати дилфиреб ва манзараҳои зебою дилкаш имконият медиҳанд, ки соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия рушд ва тараққӣ намояд. Ноҳия дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои хело зиёд дошта, дар сурати истифода бурдани ин имкониятҳо дар давоми солҳои оянда метавон шумораи зиёди сайёҳони хориҷиро аз мамолики гуногуни ҷаҳон ҷалб намуд.
АКС: манбаъҳои боз









Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд






