ОФАРИН! Шаҳло Саидалиева сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид

Декабрь 17, 2022 15:03

ДУШАНБЕ, 17.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳло Саидалиева хонандаи синфи 10-и МТМУ 8-и ноҳияи Данғара соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ иттилоъ медиҳад.

Шоҳҷоиза ба Шаҳло Саидалиева имрӯз зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт тақдим шуд. Онро ба ғолиби озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён супорид.

Тибқи Низомномаи ин Озмун, ғолиби мутлақ дар байни ғолибони ҳамаи номинатсияҳо бо баргузории озмуни алоҳида интихоб мегардад ва номи шахси пирӯз аз ҳама охир зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон эълон мешавад. Шаҳло Саидалиева дар Озмун аз рӯйи номинтасияи «Адабиёти муосир» дар даври ҷумҳуриявӣ ҷои your-asthma-info.com касб кардааст.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2021 дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ягон нафар сазовори «Шоҳҷоиза» дониста нашуда буд. Соли 2020 Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 аз шаҳри Панҷакент ба гирифтани «Шоҳҷоиза»-и Озмун мушарраф гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 17, 2022 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад