РОБОТҲО БА КОР ШУРУЪ МЕКУНАНД! Дар Тоҷикистон се озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ ба истифода дода мешавад

Декабрь 3, 2022 11:43

ДУШАНБЕ, 03.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аввалин кишварест, ки Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ қабул намудааст. Қабули «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» дар асоси пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар таҳия гардида, дар самти таъсиси IT паркҳо ва рушди рақамикунонии иқтисоди кишвар нақши муассир мегузорад.

Мавриди зикр аст, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ба масъулини ниҳодҳои иқтисодии кишвар дастур дода буданд, ки барои таҳия, истифодаи васеъ ва самараноки технологияҳои муосиру пешрафта дар соҳаҳои иқтисод Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва татбиқ карда шавад. Аз ин рӯ моҳи сентябри соли равон Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то давраи соли 2040 қабул гардид.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати технологияҳои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Абӯбакр Пиров гуфт, зеҳни сунъӣ- «аrtificial intelligence»- ин истифодаи қувваи меҳнат тавассути технологияҳои муосир буда, кор бештар тавассути комютер ва роботҳо (дастгоҳи маснўии шабеҳ ба одам, ки ин ё он корро тибки барнома ичро мекунад; ба қавли адиб ва забоншинос Рустами Ваҳҳоб «мошинодамҳо». – Тавз. АМИТ «Ховар») идора ва амалӣ мегардад.

ДАР АКС: Суннатулло Қосимов, хонандаи мактаб, ки робот – полиглоти «Авротоҷ» (мухтасари «аввалин роботи Тоҷикистон»), сохтааст. Барои ин кораш ба ӯ ширкати «Фароз» ба малағи 10 ҳазор сомонӣ мукофот дод.

Мавсуф афзуд, ки дар доираи татбиқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то давраи соли 2040 нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия гардидааст. Стратегия дар се марҳила амалӣ гардида, дар доираи татбиқи он се озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ дар ҷумҳурӣ ба истифода дода мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки Стратегия ҳамроҳ бо ҳадафҳои Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ, дигар барномаҳои давлатӣ ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва пешрафти кишвар мусоидат менамояд.

Қабули Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040 дар кишвар дар ҳолест, ки алҳол дар ҷумҳурӣ озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ бо номи «TajRupt» фаъолият дорад. Он аввалин чунин озмоишгоҳ буда, дар минтақаи Осиёи Марказӣ беназир арзёбӣ мегардад. «TajRupt» бо мусоидат ва дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Он дар таҳияи барномаҳо ва кор дар самти зеҳни сунъӣ нақши бориз дошта, тавонмандсозии ҷавонони кишвар дар соҳаи зеҳни сунъӣ аз ҳадафҳои асосии таъсиси озмоишгоҳ маҳсуб мешавад.

ДАР АКС: кор дар роҳи эҷоди зеҳни сунъӣ

Инчунин дар назди Вазорати саноат марказ таъсис дода шудааст, ки ҳадаф аз он тақвияти рушди иқтисоди рақамӣ аст. Дар назди марказ Шӯрои зеҳни сунъӣ низ таъсис ёфтааст. Дар он тамоми намояндагони бахши хусусӣ, блоки иқтисодӣ, муассисаҳои олӣ ва коршиносони кишварҳои хориҷӣ гирди ҳам омада, табодули назар менамоянд.

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Маркази зеҳни сунъӣ таъсис дода шудааст, ки ҳадафаш рушди илму техника, дарёфти малакаҳои зеҳнии донишҷӯён мебошад.

Қабули Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар ҳолест, ки иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон ва рушди пешрафти сайёра ба технологияҳои муосир ва иттилоотӣ рӯ овардаанд. Дар маҷмӯъ, зеҳни сунъӣ имрӯз ҷузъи муҳими иқтисодиёти ҷаҳон гардидааст. Низомҳои комютерие мавҷуданд, ки ба мисли инсон таҳлил ва қарор қабул менамоянд.

Аз ин рӯ, қабули Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар кишвар саривақтӣ ва барои рушду пешрафти иқтисодиёти давлатамон муҳим арзёбӣ мегардад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: AIAcademy/АМИТ «Ховар»

Декабрь 3, 2022 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд