РУШДИ ҶАҲОНИИ ММД СОЛИ 2023 ТО БА 1,4% КОҲИШ ЁФТ. Қаблан афзоиши ММД дар Тоҷикистон дар соли 2023 то 6,5% пешгӯӣ шуда буд

Декабрь 6, 2022 11:15

ДУШАНБЕ, 06.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агентии рейтингии Fitch Ratings дар пешгӯии иқтисодии худ барои соли 2023 афзоиши ММД дар ҷаҳонро 1,4% арзёбӣ кардааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Қаблан агентӣ пешгӯӣ карда буд, ки нишондиҳандаи миёнаи афзоиши ММД дар ҷаҳон барои соли оянда 1,7%-ро ташкил медиҳад. Дар гузориши Fitch зикр шудааст, ки пешгӯиҳо аз нав дида баромада шуданд, зеро кишварҳои ҷаҳон бо болоравии нархҳо муборизаро идома медиҳанд ва ҳамчунин дурнамои бозори ғайриманқул дар Чин бадтар мешавад.

Мувофиқи пешгӯиҳои Fitch, иқтисодиёти ИМА соли оянда ҳамагӣ то 0,2% (қаблан дар сатҳи 0,5% интизор мерафт) меафзояд. Паст шудани нишондиҳандаҳо бо пурзӯр шудани сиёсати пулию қарзӣ дар кишвар алоқаманд аст.

Fitch ҳамчунин умедвор аст, ки дар Чин афзоиши ММД соли 2023 4,1% ва дар минтақаи Аврупо — 0,2 фоизро ташкил медиҳад.

Агентӣ зикр намудааст, ки буҳрон дар мамлакатҳои Аврупо ҳанӯз аз интиҳо дур аст. Пеш аз ҳама, ин ба баланд шудани нархҳои гази табиӣ вобаста аст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан афзоиши ММД-ро дар Тоҷикистон дар барномаи ибтидоӣ барои соли 2023 дар сатҳи 6,5% аз рӯи 7,5 фоизи натиҷаҳои соли равон пешгӯӣ карда буданд- тибқи баҳои коршиносон, ин афзоиш миёни кишварҳои узви ин ниҳоди молиявӣ баландтарин хоҳад буд.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар додааст, таҳлилгарони Бонки рушди АвруОсиё (БРАО) зимни пешгӯии хурди худ барои соли 2023 ба чунин хулоса омадаанд.

 Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 6, 2022 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд