САТҲИ КИНОИ ТОҶИКРО БОЯД БАЛАНД БАРДОШТ. Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 қабул гардид
ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр зимни баргузории маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» баррасӣ ва қабул гардид.
Сарвари давлат дар ҷараёни баррасии лоиҳаи ин барнома таъкид намуданд: кино соҳаи хеле муҳим аст, сатҳи онро мебояд хеле баланд бардошт.
Вобаста ба ҳадаф ва нақшаи амали барномаи мазкур дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» маълумот доданд.
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» лоиҳаи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2023-2027» бо назардошти вазъи воқеии соҳа, раванди ҷаҳонишавӣ ва амалисозии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино», мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Протоколи маҷлиси Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ ва ҳадафу вазифаҳои оинномавӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кино ва тамоюли инъикоси фарҳангу худшиносии миллӣ таҳия намудааст. Ҳадафи кинои миллӣ ба ҳайси маъмултарин санъат, тарғиби идеологияи давлат, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таъриху фарҳанг, анъана ва расму оини миллати тоҷик дар давраи ҷвҳонишавӣ мебошад.
Маблағгузории чорабиниҳои барномаи мазкур аз буҷети давлатӣ, маблағҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», инчунин шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҳамзамон дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
Барнома дар асоси таҳлилҳои асоснок бо таваҷҷуҳ ба дурнамои рушди кинои ватанӣ таҳия гардида, дар он роҳҳо ва воситаҳои рушди кинои тоҷик муайян гардидаанд.
Ҳадаф ва вазифаҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», пеш аз ҳама, истеҳсол, паҳнкунӣ, намоиши оммавии кино, таъмини рушди кинематография ва санъати аудиовизуалии миллӣ, таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа, ташкили назорати фаъолияти кинотолорҳо ва нуқтаҳои нусхабардорӣ, ба низом даровардани бозори маводи аудиовизуалӣ мебошад, ки бе заминаи устувори моддию техникӣ ва дастгирии давлатӣ амалӣ шудани онҳо ғайриимкон аст.
«Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» масоили муҳими соҳа, аз қабили тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар хориҷи кишвар, таъмини соҳаи кино бо техникаву технологияи ҳозиразамони филмофарӣ ва кинонамоишдиҳӣ, истеҳсоли филмҳои баландмазмуни миллӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисос, барқарорсозии хазинаи миллии кинои тоҷик, муҷаҳҳаз намудани кинотеатрҳо бо технологияи нави муосир, таҳкими заминаи моддию иқтисодӣ ва ҷалби тамошобинро ба кино фаро гирифта, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо ҷиҳати истеҳсоли филмҳои муштарак, пешниҳоди дастовардҳои соҳаи кинои тоҷик дар ҷашнвораҳои байналмиллалию минтақавӣ ва муаррифии кинои тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Ҳангоми таҳияи лоиҳа ба ғайр аз таҷрибаи миллӣ инчунин таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар соҳаи филмофарӣ бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ба инобат гирифта шудааст.
Муддати амали барнома панҷ сол ва нақшаи амали он ду марҳила (солҳои 2023-2025 ва солҳои 2026-2027)-ро дар бар мегирад. Он дар солҳои минбаъда тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти соҳаро ба танзим дароварда, пояҳои рушди кинои миллиро таҳким бахшида, тавсеаи ҳамкорӣ ва ба арсаи ҷаҳонӣ роҳ ёфтани кинои тоҷикро амалӣ менамояд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд






