Тиҷорати Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар 10 моҳи соли равон 14,1 фоиз афзоиш ёфт

Декабрь 12, 2022 09:12

ДУШАНБЕ, 12.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Роҳбари ҳайти расмии Иттиҳоди Аврупо, мушовири Директори генералии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо оид ба савдо хонум Эва Синоветс баргузор гардид, ки зимни он ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд.

З. Завқизода зикр намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо пайваста рушд мекунад. Аз ҷумла, тиҷорати дуҷониба дар 10 моҳи соли 2022 14,1 фоиз афзоиш ёфт. Иттиҳоди Аврупо барои иҷрои ҳадафҳои рушди Тоҷикистон лоиҳаҳоро дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дастгирӣ менамояд.

Хонум Эва Синоветс низ дар ҷавоб ба дархости пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон бо мақсади густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва роҳёбӣ ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо омодагии худро ҷиҳати гузаронидани муҳокимаҳо оид ба яктарафа озод намудани пардохти боҷҳои гумрукӣ нисбат ба молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Декабрь 12, 2022 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид