«ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ АМНИЯТ АСТ». 28 декабр-Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ

Декабрь 28, 2022 11:15

ДУШАНБЕ, 28.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ватандориву давлатдорӣ, пеш аз ҳама, шинохт ва  нигоҳдории ҳувияти худ ва ҳимояи он арзишҳои волои инсониест, ки зиндагиро дар он сарзамин фароҳам меоваранд.  Дар ҷаҳони мураккабу пуртазоди имрӯза танҳо кишваре метавонад  вуҷуд дошта бошаду бо пешомадҳои шадиди тақдир муқобилат ва истодагарӣ кунад, ки худ, марзу буми худро ҳимоят ва нигаҳбонӣ карда тавонад.

Чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ, ки ҳамасола 28 декабр таҷлил мешавад.  

-Асри мо асри зӯровариву таҷовузҳои  пай дар пайи инсонҳо бар сари ҳамдигар аст. Дар ин асри дастзӯриву абарқудратиҳо аввалан ваҳдату ягонагӣ, сипас неруву тавоноӣ, далерӣ, шуҷоат, садоқат ва пойдории на танҳо ҳар инсон, балки ҳар кишвар кафолати зиндагониву амнияти ӯст. Имрӯз қалъаи амният, сутун ва муттакои  рӯзгор, кафолати ҳастии ҳар миллат, бидуни шубҳа, дар қатори омилҳои дигар Артиши миллии он кишвар- Қувваҳои Мусаллаҳи ӯст.

Задухӯрдҳои беамон миёни одамону кишварҳо, ғояву армонҳо,  муборизаҳои  ҳадафноки диниву мазҳабӣ, ки то инфиҷорҳо меоранд, муборизаҳои ҷаҳонгирон барои  аз худ кардани боигариҳои олам дар ҷаҳони имрӯза ҳар рӯзу ҳар соат моро ҳушдор медиҳанд, ки миллати беқудрат, миллате, ки наметавонад  бораҳои нангу шарафи сарзамини худро ҳимоят кунад, зуд бар коми фано хоҳад рафт. Танҳо ягонагиву якдиливу ҳамҷонии  миллате, ки якдилу ватандӯст буда, қувваҳои мусаллаҳи тавоно ва дилпури  худро дорад, метавонад дар ин муборизаҳои беамони ҳастии инсонии гирифтори душманиву кинаҳо кафолати пойдории ин ва ё он кишвару миллат бошад. Хусусан  кишвару миллати хайрхоҳу сулҳпарваре, мисли Тоҷикистони мо ниёзи бештаре ба неруҳои қавӣ ва муҳофизони дилпури худро дорад.

Имрӯз дар ҳолате, ки ҷангҳо дар паси девори мо мераванду аллакай таҳдиди марзу бум ба сарҳадҳои  муқаддаси  мо ҳам расидаву борҳо аз худ дарак ҳам додаанд,  ҳимояи Ватан-модар, марзу буми аҷдодӣ, бехатарии миллӣ вазифаи муқаддаси хурду бузург ва марду зани ин кишвар хоҳад буд. Он чӣ бар сари дигарон омад, набояд моро бетарафу ором гузорад. Ҳимояи Ватан имрӯз на фақат масъулият, балки вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки  мост.

Аммо мо миллате ҳастем, ки хушбахтона,  мактаби бузург ва беамсоли ватандорӣ ва ҳимоя аз ватанро бо дастурҳои қиматбаҳои худ, амсоли «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ ва дигар корномаҳои шоистаи таърихӣ дорем. Асарҳое дорем, ки беҳтарин сабақи ҳимояи Ватану марзу бум, ватандорӣ ва қаҳрамониро  ба мо таълим медиҳанду метавонанд ҷавонону наврасони моро дар рӯҳияи баланди ватандорӣ тарбият намоянд.

Ба гумони банда,  имрӯз замоне фаро расидааст, ки барои бедор кардани таваҷҷуҳи бештаре ба таълиму тарбияи рӯҳияи ватандӯстиву қаҳрамонӣ миёни аҳолии кишвар, хусусан наврасону ҷавонон ба истифодаи бештару фарогиртар аз  сарчашмаҳои бебаҳои фарҳангамон рӯ орем. Хусусан, гумон мекунам, таълими «Шоҳнома»-и безавол дар қисмҳои ҳарбӣ, Артиши миллӣ ва  Қувваҳои мусаллаҳамон барои тарбияи рӯҳияи далериву ҷасорат ва ҷоннисории ватандӯстона аҳамияти бузург хоҳад дошт.

Дар маҷмӯъ зиндагӣ нишон дод, ки дар зарфи беш аз 30 соли истиқлолияти давлатии мо имрӯз Тоҷикистон  дорои артиши қавии миллӣ ва сарбозону афсарони  содиқу ҷонннисоре мебошад,  ки метавон  аз онҳо дилпур буд ва ба онон эътимоду бовар дошт. Он рӯҳияи миливу ватандӯстонае, ки Сарвари кишвари мо аз нахустин рӯзҳои давлатдорӣ талқин намудаву худ намунаи дурахшони он будаанд, имрӯз на танҳо сарбозону афсарон, Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, балки тамоми миллати ватандӯсти  тоҷикро фаро гирифтааст.  Ва дар ин заррае ҷои шубҳа нест. Имрӯз ҳимояи Истилолияти давлатӣ, ҳувияти халқамон  ҳимояи марзу буми кишвар,  ҳимояи нангу ор ва шарафу  номуси милии мост ва моро вомедорад, ки ҳар якеамон дар канори Артиши миллӣ сипари боэътимоди Меҳан дар ҳифзи марзу буми муқаддаси Ватан, сарҳади шарафи  гузаштагону имрӯзиёну фардоиён бошем!

Дар зер чанд шеъри ба тозагӣ эҷоднамудаи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло бахшида ба Рӯзи амнияти миллӣ пешкаши хонандагони арҷманд мегарданд.

ТОҶИКИСТОН ҚАЛЪАИ ВИҶДОНИ ХАЛҚИ МОСТ

Меҳани мо сангари азму шуҷоатҳост,
Сангаре, к-аз ҷисму ҷони халқи мо барпост.
Сангаре, ки нест сангар худ вуҷуди мост,
Сангари ҷону тану буду набуди мост!

Меҳани симурғии мо, дар амон бошӣ!
Бо сиришти поку некат ҷовидон бошӣ!

Сарҳади  мо сарҳади  пояндаи ор аст,
Азми мо чун кӯҳҳои мост, подор аст.
Ҳифзи ин хоки абармардон шараф морост,
Нанги мо чун набзи ҷони халқ бедор аст.

Меҳани симурғии ман дар амон бошӣ!
Бо сиришти поку некат ҷовидон бошӣ!

Тоҷикистон қалъаи виҷдони халқи мост,
Сарҳади мо нест, хатти ҷони халқи мост.
Зара-зарра хоки поки он зару сим аст,
Родмардӣ ҳиммату эҳсони халқи мост.

Меҳани симурғии ман дар амон бошӣ!
Бо сиришти поку некат ҷовидон бошӣ!

Бо гулу бо сабзааш бишкуфта ҷони мост,
Қатра-қатра оби он хуни равони мост,
Родмардӣ мешукуфад  дар тани ҳар нахл,
Остонаш остони ростони мост.

Меҳани симурғии ман дар амон бошӣ!
Бо сиришти поку некат ҷовидон бошӣ!

03.12.2022.

АМРИ САРНАВИШТ

Меҳано, биҳишти ман, амри сарнавишти ман,
Асли ту вуҷуди мост, асли ту сиришти ман.

Хатти ҷони мо бошад сарҳади амони ту,
Сад ҳазор ҷонам бод як фидои ҷони ту.

Қалъаи шуҷоатҳост, маъбади ибодатҳост,
Марди покҷони ту, хоки остони ту.

Меҳано, биҳишти ман, амри сарнавишти ман,
Асли ту вуҷуди мост, асли ту сиришти ман.

Меҳани дуои пир, санавиштам аз тақдир,
Хоҳарони бо шафқат, модарони ботадбир.

Ҷон бубахшам осон лек ман туро намебахшам,
Аз Ҳисори зархезад то ба қуллаи Помир.

Меҳано, биҳишти ман, амри сарнавишти ман,
Асли ту вуҷуди мост, асли ту сиришти ман

Ту манӣ, манӣ, Меҳан, боғу гулшанӣ, Меҳан!
Аз фурӯғи ишқи мо поку рӯшанӣ, Меҳан!

Маъбади саодатҳо, маншаи рафоқатҳо,
Аз сафои меҳри пок гул ба доманӣ, Меҳан!

Меҳано, биҳишти ман, амри сарнавишти ман!
Асли ту вуҷуди мост, асли ту сиришти ман!

Сарҳади амони ту, пайки ҷовидони ту,
Кохи сулҳу амният, бод ҷисму ҷони ту,

Дар вафои ту ҳозир, дар дифои ту қодир,
Ҳар нафар ҷавони ту, пири остони ту.

Меҳано, биҳишти ман, амри сарнавишти ман!
Асли ту вуҷуди мост, асли ту сиришти ман!

САРҲАДИ МО

Меҳани  мо қалъаи пояндаи нанг аст,
Қалъаи нангу вафо рӯинтан аз санг аст.

Сарҳади мо сарҳади ихлосу имон аст,
Сарҳади  халқи баори Тоҷикистон аст.

Мо агар бахшем ҷон Меҳан намебахшем,
Зарраи ин хок бар душман намебахшем.

Сарҳади фазлу футуват, родмардиҳост,
Сарҳади хайру саодатҳои ин дунёст.

Сарҳади мо сарҳади  озода мардон аст,
Сарҳади шаън асту армони   ниёкон аст.

Мо агар бахшем ҷон, Меҳан намебахшем!
Зарраи ин хок бар душман намебахшем!

Сарҳади мо сарҳади нанг асту ори мост,
Сарҳади нобиғагони номдори мост,

Сарҳади сад суннати воло, сиришти нек,
Сарҳади эҳёи неки сарнавишти нек!

Мо агар бахшем ҷон, Меҳан намебахшем!
Зарраи ин хок бар душман намебахшем!

Бо Сада, бо Маҳргон, бо ҳиммати Наврӯз,
Бар ҳазорон ҷабр монда халқи мо пирӯз.

Халқи мо сулҳу амонӣ оварад бар даҳр,
Бахту шодии ҷаҳонӣ оварад бар даҳр.

Мо агар бахшем ҷон, Меҳан намебахшем!
Зарраи ин хок бар душман намебахшем!

04.12.2022.

 КИШВАРИ АМНИЯТ

Қалъаи амният Сарзамини мост,
Нури Ҳақ раҳнамо дар ҷабини мост,

Ин Ватан меҳани  ростини мост,
Гулфишон кишвари нозанини мост

Амният нусрати  озарини мост!
Қалъаи амният Сарзамини мост!

Ҳастияш мисли обаш зулол бод
Ризқи халқаш чу нонаш ҳалол бод

Зиндаву ҷовидон ин висол бод,
Файзи озодияш безавол бод!

Ин Ватан меҳани озарини мост,
Қалъаи амният сарзамини мост!

Парчами ковиён раҳнамо бувад,
Чун қасам, чун шараф, ин ливо бувад,

Фазли озодагон пайки мо бувуд,
Фазли пирони мо чун дуо бувад,

Қалъаи амният сарзамини мост,
Бахти халқи ҷаҳон дар ҷабини мост.

Шуд мунаввар Ватан аз чароғи сулҳ,
Ҷаннатосо бувад боғу  роғи сулҳ,

Атри озодагӣ дар димоғи сулҳ,
Халқи моро барад кӯчабоғи сулҳ,

Қалъаи амният сарзамини мост,
Бахти халқи ҷаҳон дар ҷабини мост!

04.12.2022.

ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ АМНИЯТ АСТ

Ҳар дари бикшодаи Меҳан дари амният аст,
Ҳар нафар дар ин Ватан худ довари амният аст,
Сарвари мо андар олам Сарвари амният аст,
Тоҷикистон кишвари амният аст!

Ҳар гулу ҳар сабза ин ҷо аз вафо гӯяд сухан,
Чашмаи оби зулолаш аз сафо гӯяд сухан,
Парфишон дар ин фазо болу пари амният аст,
Тоҷикистон кишвари амният аст!

Ин диёри ҳикмату андарзу шеър асту суруд,
Аз амонӣ мебарад ҳар рӯди шодобаш дуруд,
Чунки дар ҳар гул, ки мебинӣ фари амният аст,
Тоҷикистон кишвари амният аст!

Мӯсафедони дуогӯяш амонӣ ҷустаанд,
Шоирони безаволаш аз амонӣ гуфтаанд,
Чашму қалби ҳар як инсонаш  дари амният аст,
Тоҷикистон кишвари амният аст!

Мекунам ман шукри ҳар сарбози бонанги Ватан,
Ҳомии амнияти мо пушти ҳар санги Ватан,
Ҷоннисору беҳаросу бовари амният аст,
Тоҷикистон кишвари амният аст!

Зинда бод амнияти ин миллати некӯниҳод!
Сулҳу ободӣ дар ин марзи азизон зинда бод!
Хоки поки Меҳани ман мазҳари амният аст!
Тоҷикистон кишвари амният аст!
Тоҷикистон кишвари амният аст!

ПАЙКИ СУЛҲУ ОСОИШ

Пайки сулҳу  осоиш, эй Ватан, муборак бод!
Шуд Ватан фараҳафшон чун чаман, муборак бод!

Хуш, паёми ободӣ дар замини озодон,
Хуш саодату шодӣ,  хуш, саодати даврон!

Коваёнӣ парчамро халқи мо баланд афрохт,
Ишқи Меҳанро дар худ мисли оҳане бигдохт.

То фурӯғи адлу дод дар Ватан муяссар шуд,
Халқ ҷоннисорӣ кард, Пешво, ки Сарвар шуд.

Пешвои мо акнун мебарад паёми сулҳ,
Халқи  мо шуд дар олам номвар ба номи сулҳ!

Ин фазои амният, ин тулӯъи осоиш,
Дар Ватан муяссар шуд аз саодати дониш.

Сулҳ, сулҳ, осоиш, ин бувад мароми мо,
Мебарад паёми нек халқи некноми мо!

09.12.2022.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 28, 2022 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши идона доир гардид
САВГАНДИ ҲАРБӢ. Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маросими қасамёдкунӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҳиндустон мулоқот намуд
Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо Департаменти ҷамъиятии бехатарии шаҳри Нанкини Чин густариш меёбад