Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон бо гузоришгари вижаи СММ мулоқот намуд

Декабрь 1, 2022 15:46

ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 30 ноябр вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо гузоришгари вижаи СММ оид ба масъалаи ҳомиёни ҳуқуқи инсон Мэри Лолор баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳамкории он бо созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, ташкилоти ҷамъиятии дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон фаъолияткунанда, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, вазъи ҳуқуқии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ва дигар масъалаҳо вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи инсон матраҳ гардиданд.

Мэри Лолор дар бораи вазифаҳои гузоришгари вижаи СММ оид ба масъалаи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, корҳои анҷомдода дар самти ҳимояи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, пешниҳоди гузоришҳо аз натиҷаи сафарҳои анҷомдодашаванда сухан гуфт.

Хотиррасон мекунем, ки аз 28 ноябр то 9 декабри соли равон гузоришгари вижаи СММ оид ба масъалаи ҳомиёни ҳуқуқи инсон Мэри Лолор ва ҳайати ҳамроҳонаш аз баъзе шаҳру навоҳии кишвар боздид ба stop-ed-info.com, бо намояндагони мақомоти гуногуни давлатӣ суҳбат мекунанд.

АКС: Хадамоти матбуоти ВҲИ

Декабрь 1, 2022 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад