Варзишгари тоҷик Шамшер Саидов медали тиллои Ҷоми ҷаҳонии боксро сазовор шуд

Декабрь 12, 2022 09:01

ДУШАНБЕ, 12.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр, дар рӯзи охирини Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт муҳорибаҳои финалӣ миёни мардҳо сурат гирифт, ки варзишгари тоҷик Шамшер Саидов медали тилло ба даст овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Шамшер дар муҳорибаи ниҳоии вазни 67кг варзишгари мизбон Руслан Пидгирнякро шикаст дод.

Варзишгарони мо миёни мардҳо ҳамчунин 2 медали дигар – 1 нуқра, 1 биринҷӣ ба даст оварданд. Медали нуқраро Шаҳбоз Ҳаитов дар вазни 86 кг сазовор шуд. Некрӯз Салимов дар вазни -80кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид.

Тавре хабар дода будем, миёни бонувон дар ин мусобиқа Миҷгона Самадова дар вазни -57кг медали тилло, Шоира Зулқайнарова дар вазни -60кг ва Меҳриноз Музаффарова дар вазни -81кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Мусобиқа бо иштироки варзишгарон аз Озарбойҷон, Миср, Конго, Гурҷистон, Беларус, Тоҷикистон, Узбекистон 5-10 декабр дар минтақаи Белоярски Россия баргузор шуд.

Рақобатҳо аз рӯи 11 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон ҷараён гирифтанд.

Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар Ҷоми 5-уми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт сазовори 6 медал – 2 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ – гардид.

АКС: КМО Тоҷикистон

Декабрь 12, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад