Вазъи саломатии чемпиони секаратаи ҷаҳон оид ба футбол Пеле бад шудааст
ДУШАНБЕ, 22.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар бораи бад шудани саломатии чемпиони секаратаи ҷаҳон оид ба футбол Пеле пизишкони собиқ футболбоз хабар доданд. Дар ин бора ТАСС навиштааст.
Ба гуфтаи табибон, Эдсон Арантис ду Насименту (Пеле), ки барои танзими курси химиотерапия барои саратони рӯдаи рост ва муолиҷаи сирояти роҳи нафас дар беморхона бистарӣ шуда буд, тамоюли манфии бемории онкологӣ ба вуҷуд омадааст. Духтурон тавзеҳ доданд, ки ӯ то ҳол ба шуъбаи эҳё ниёз надорад ва дар шуъбаи муқаррарӣ қарор дорад.
Қаблан духтари Пеле- Келлӣ Насименту хабар дода буд, ки падараш Мавлуди Исоро бо аҳли оилааш таҷлил намекунад, зеро ӯ маҷбур шуд, ки бинобар нишондиҳандаҳои тиббӣ дар бемористон бимонад.
Ёдовар мешавем, ки футболбози ҷаҳонӣ, чемпиони секаратаи ҷаҳон дар ҳайати дастаи мунтахаби Бразилия Пеле бинобар бад шудани вазъи умумиаш ба таври ғайринақшавӣ дар беморхона бистарӣ шуд.
Ба гузориши ESPN, пизишкони Пелеи 82-сола гуфтаанд, ки курси химиотерапия барои рафъи варамҳои бадани ӯ кумак накардааст. Илова бар ин, дар бадани Пеле омоси сершумор ба вуҷуд омада, кори дилаш номӯътадил гардидааст. Дар Пеле ҳолатҳои беҳушӣ низ ба қайд гирифта шудаанд.
АКС: аз саҳифаи шахсии Пеле дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






