Вазорати меҳнати Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи миллии бинокорон (НОСТРОЙ) созишнома ба имзо расонид

Декабрь 13, 2022 10:35

ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи миллии бинокорон (НОСТРОЙ)-и Федератсияи Россия созишнома ба имзо расонид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.

Созишномаи мазкур дар Душанбе аз ҷониби муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ва роҳбари Ассотсиатсияи миллии бинокорон (НОСТРОЙ) Антон Глушков ба имзо расонида шуд.

Зимни имзои санади мазкур ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории шарикӣ барқарор намуда, муносибатҳои дарозмуддатро барои баланд бардоштани афзалияти захираҳои меҳнатӣ ба роҳ монанд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии бинокорон ният доранд, ки дар самти боло бурдани тахассуси шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар соҳаи сохтмон дар Россия кор мекунанд, системаи махсус таъсис диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омода намудани мутахассисони баландпоя аз рӯи ихтисосҳои корӣ ва арзёбии тахассуси шахсони дорои малакаҳои касбии дахлдор, ки дар бозори меҳнати Тоҷикистон ва Россия талабот доранд, манфиатдор аст.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират шуғли аҳолии ҶТ

Декабрь 13, 2022 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд