ҲАДАФ — ЭМИНИИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Агентии хоҷагии ҷангал корҳои биотехникӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 17.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади эмин будани парандагон ва ҳайвонот аз сардиҳои фасли зимистон аз ҷониби муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали мамлакат корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд. Аз ҷумла, дар ҷангалзор ва хоҷагиҳои шикорӣ дон, коҳ, рези гандум, ҷав, ҷуворӣ намак ва дигар намуди хӯроки зарурӣ гузошта шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мавзеи Камароби хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт 150 кг рези гандум, 150 кг ҷав, 200 кг ҷуворимакка, 400 кг алафи табиӣ, 40 кг намак пошида шуд.
Инчунин бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвонот ва парандагон аз фасли зимистон дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Варзоб аз ҳисоби кормандон назорати доимӣ ташкил карда шудааст. Ба ғайр аз ин дар ҷойҳои махсус захираи хӯроки дурушт 2 тонна, инчунин дар мавзеи Дарбандон, болои Чорбед, дараи Орзук, гардиши Тагоб, дараи Широтала ба миқдори 150 кг ғалладона пошида шуд.
Ҳамзамон дар мавзеи Регари хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳринав 250 кг гандум, дар мавзеи Селбурсой 200 кг алафи дурушт ва 100 кг гандум пошида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки баробари фаро расидани фасли сармо ва барфпӯш гардидани кӯҳҳо ҳайвонҳо ва парандаҳои нодир дар дарёфти ғизо танқисӣ мекашанд. Гуруснагии онҳо метавонад сабаби ба ҳалокат расиданашон гардад. Барои роҳ надодан ба талафоти ҳайвоноту парандагон кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






