АМАЛИ ХАЙР ВА ИБРАТОМӮЗ! Дар Мастчоҳ ба беш аз 200 нафар кормандони идораи роҳ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки дар паи рафъи пайомадҳои бориши барф буданд, хӯроки гарм дода шуд

Январь 14, 2023 14:45

ДУШАНБЕ, 14.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мастчоҳ беш аз 200 нафар кормандони идораи роҳ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва шабакаҳои барқ, дар паи бартараф сохтани пайомадҳои бориши барф буданд,  хӯроки гарм дода шуд.  Ин амали хайр бо ибтикори Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода роҳандозӣ гардидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти раиси ноҳия.

«Бо ибтикори Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба беш аз 200 нафар кормандони идораи роҳ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва шабакаҳои барқ, ки новобаста аз ин сардиҳои шабонарӯзи охир, субҳгоҳон барои таъмини бехатариии ҳаракати роҳ ва пешгирии садамаҳо роҳҳои ҳудуди ноҳияро регу намак мепошанд, барояшон  хӯроки гарм пухта ва дастрас карда шуд», — омадааст дар иттилоия.

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гуфтанд, ки ин иқдом барои арҷгузорӣ ба хизмати кормандони коммуналӣ ва идораи роҳ буда, минбаъд низ то гарм шудани ҳарорати ҳаво идома хоҳад ёфт.

Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Мастчоҳ Давронбек Миров ин ташаббуси раиси ноҳияро қадршиносии кормандони идораи роҳ арзёбӣ кард.

«Ин иқдом моро водор месозад, ки масъулиятро дучанд эҳсос карда, бехатарии ҳаракати нақлиётҳоро дар ин сармоҳои шадид пурра таъмин намоем», — иброз дошт ӯ.


Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия омодагии худро барои давраи зимистон аз моҳи ноябри соли гузашта гирифта буд ва ба қадри кофӣ маводи зидди лағзишро барои пешгирии фалокатҳо дар роҳ дар давраи зимистон захира карда буд.

«Кормандони мо тайи ин ду-се рӯзи охир роҳҳои яхбастаро, ки ба ҳаракати нақлиёт мушкил эҷод мекарданд, субҳгоҳон маводи зидди лағзиш пошида, бехатарии мусофиронро таъмин намуданд», — тазаккур дод Давронбек Миров.

Бояд гуфт, ки дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Мастчоҳ беш аз 30 нафар кор карда, дар пайи барфрезӣ онҳо ҷадвали навбатдорӣ тартиб додаанд ва шому саҳар ба пошидани маводи зидди лағжиш ва рубучини роҳҳо машғуланд. Дар Мастчоҳ ҳудуди 126 км роҳҳо мавҷуданд, ки қисме аз он аҳамияти байналмиллалӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Малика ном сокини шаҳри Душанбе ва дугонаи ӯ дар шабу рӯзи сардиҳои шадиди охир ба роҳрубони пойтахт қаҳваю хӯроки гарм доданд.

Ин иқдоми хайрхоҳонаи неки онҳо аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хуш пазируфта шуда, ҳаммовозию дастгирӣ ёфт.

Малика навори иқдомашро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гузошта, дар зери он чунин шарҳ навиштааст: «Сармо омаду дер боз чунин барф наборида буд. Мо шодӣ ва барфбозӣ мекунему барои худ фазои зимистона эҷод менамоем, аммо дар ҷомеаи мо нафароне мебошанд, ки яқинан дар фикру хаёли чунин кор нестанд. Онҳо ҳангоми хоб будани мо шаҳри моро тоза мекунанд. Ҳар рӯз дар гармиву сармо бо субҳидам ба кӯча баромада, шаҳру роҳҳоро тоза менамоянд, то субҳ мо дар роҳҳои тозаю озода ба кор, мактаб ва ғайра биравем. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки ба онҳо нӯшокиҳо ва хӯрокҳои гарм диҳем, то каме ҳам бошад гарм шаванд».


Дар идома ӯ аз дигарон даъват ба амал овард, ки дунёро меҳрубонтар гардонанд.

Пас аз ҳаммовозию дастгирӣ ёфтан аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ Малика эҳсосоташро чунин баён дошт:

«Дирӯз мо паёме нашр кардем, то мардум бубинанд ва дар иқдоми меҳрубонтар кардани дунё ҳамроҳ шаванд. Мо ҳамчун дастгирӣ суханони зиёди хуш гирифтем. Имрӯз бисёриҳо ба иқдоми мо пайваста, роҳрӯбони шаҳрро обу ғизо доданд. Бисёр шодам, ки ҳамаи мо дар якҷоягӣ тавоноем ва тавонистем ин челленджро* оғоз намоем. Имрӯз дар чунин сармо питзопазҳо, мағозаҳо, хонаҳои заргарӣ ва сокинони шаҳр ба мо ҳамроҳ шуда, роҳрӯбонро хӯроки гарм доданд. Мо ҳам кори хайри худро идома дода, дар шаҳр тақсим кардем. Ронандаи таксии ширкати «Як-такси» бо номи Аличон низ ба мо ҳамроҳ шуда, дар тақсим намудани хӯрок дар тамоми шаҳр ройгон кумак расонд. Ташаккур ба одамони меҳрубон, шумо беҳтаринед! Навор на барои таблиғ, балки барои даъват ба кори хайр аст. Якҷоя мо тавоноем!».


Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста сокинони кишварро ба хайру эҳсонкорӣ даъват менамоянд.

Тавре Сарвари давлат таъкид доштанд, дили одамонро шод кардан аз ҷумлаи корҳои хайру савоб ба шумор меравад.

Бинобар ин ҳамаи ин иқдомҳои некро метавон самараи ҳидоятҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат арзёбӣ кард, ки аз онҳо сокинони касбу кори гуногун илҳому руҳия гирифта, чунин амалҳоро анҷом медиҳанд.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

________ 

* Челлендж жанри наворҳои интернетӣ мебошад, ки дар он блогер дар назди дастгоҳи наворбардорӣ амалеро иҷро мекунад ва онро дар интернет гузошта, аз дӯстон ё худ доираи васеи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват ба амал меорад, ки ин корро такрор намоянд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ/скриншот аз наворҳои видеоӣ

Январь 14, 2023 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Барномаи муҳити зисти СММ ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёра даъват менамояд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ташаббуси Тоҷикистон барои пешгирии оқибатҳои ҳузнангез дар сайёра хеле саривақтӣ мебошад
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Ман ба афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам»
«РИВОЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН». Яъқуб Ясно, нависанда ва пажуҳишгар: «Агар шумо шахсияти сиёсии дигареро дар замони муосир мешиносед, ки бештар аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди фарҳанги ориёӣ самимона заҳмат кашидааст, намуна ва мисол биоваред!»
«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд
ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад
Президенти Тоҷикистон: «Кишоварзони мамлакат бояд ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд»
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Вобаста ба омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Cоли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН. Созмони Милали Муттаҳид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз намуд
Дар Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид