БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Соли гузашта дар Хуҷанд 40 корхонаи нав ба истифода дода шуд

Январь 31, 2023 15:14

ДУШАНБЕ, 31.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд 40 корхонаи хурду миёнаи нави саноатӣ бо фарогирии 289 ҷойи кор таъсис дода шуд. Дар ин хусус Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби  корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 1 миллиарду 702 миллиону 600  ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 2021 262,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр ба хориҷи мамлакат ба ҳисоби 389,5 миллион сомонӣ молу маҳсулот содирот карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта 94 корхона асосан маҳсулоте истеҳсол намуданд, ки қаблан аз хориҷи мамлакат ворид карда мешуд.

АКС аз бойгонӣ

Январь 31, 2023 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд